Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Дар ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар ВМКБ баргузор гардид, дар кори он раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин , мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Олимшо Меҳрӣ ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи сайёр ду масъала баррасӣ гардиданд. Аз руйи масъалаи якуми ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он ба такмили ихтисос аз ҷумла омузиши забонҳои хориҷӣ дар солҳои 2023- 2024 ва семоҳаи якуми соли 2025 сардор шуъбаи ташкилию иттилоотиии Агенти баромад намуданд.

Аз руйи масъалаи дуюм “Дар бораи натиҷаи санҷиши фаъолияти МИҲД – ВМКБ шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ ” оид ба риояи ҳолати қонунгузории хизмати давлатӣ дар давоми солҳои 2022 – 2024 ва семоҳаи якуми соли 2025 сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон баромад намуданд.

Пас аз баррасии масъалаҳо директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин , мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Олимшо Меҳрӣ ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон баромад намуда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар фарҷоми ҷаласа қадами меҳмононро ба ВМКБ хушомадед гуфта қайд намуданд , ки дастгирии мутахассисони соҳибкасб ва ба касбомузию такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо яке аз ҳадафҳои нек дар самти тақвияти малакаи касбӣ буда , МИҲД- ВМКБ пайваста талош менамояд дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намояд. Зикр гардид , ки дастгирии кадрҳои баладихтисос ва соҳибтахассус пайваста дар меҳвари диққати ҳукумати мамлакат минҷумла МИҲД – ВМКБ буда , баҳри ҷалби мутахассисон ба касбомузӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода карда мешавад.