Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

МАРОСИМИ ХАТМИ БОТАНТАНАИ ДОНИШҶУЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ

Имрӯз дар театри вилоятӣ ба номи М. Назаров маросими хатми тантанавии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва супоридани “Диплом” ба хатмкунандагони соли 2025 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Комилбек Амид Ёрбек иштирок намуданд.

Чорабини бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, сипас, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ баромад намуда, иброз дошт соли дуюм аст, ки маросими хатми таҳсили донишҷуён дар ДДХ ба номи профессор М. Назаршоев ба таври расмӣ ва бо шукуҳу шаҳомати хоса доир мегардад.

Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан, Роҳбари Давлат, Пешвои маърифатпарвари миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифу сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳанд.
Сиёсати маорифпарварона ва ҷавонпарпарваронаи Роҳбари Олии мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз бунёди худ илман асосноку дурандешона мебошад, дар тӯли соҳибистиқлолӣ самараи калон ба бор овард.

Яке аз омилҳои муҳими комёбиҳои ҳамаҷонибаи ҷамъияти Тоҷикистон маҳз ба илму маориф вобаста мебошад.

Гуфта шуд, ки дар 34 соли замони Истиқлол садҳо муассисаҳои таълимӣ, минҷумла, даҳҳо муассисаи таълимоти олӣ таъсису бунёд гардида, филиали донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар кишвар кушода шуданд.

Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои илмдӯсти миллат, Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамаҷониба мустаҳкам шуда, он ба тарбиятгоҳи кадрҳои баландихтисос табдил ёфт.
Имрӯз бо ифтихор метавон иброз дошт, ки садҳо тарбиятдидаи ин маърифатгоҳ дар вазифаҳои баланди давлатию ҷамъиятӣ фаъолият дошта асоси соҳаи педагогикаи муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи вилоятро маҳз хатмкунандагони ин Донишгоҳ ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки дар ДДХ билоди таълимию тадқиқотӣ хеле устувор гузошта шудааст.
Теъдоди олимон сол ба сол афзуда, марказу лабораторияҳо низ рӯ ба афзоиш доранд. Донишгоҳ бо ҳамаи муассисаҳои олии таълимии кишвар ва институтҳои тадқиотии АМИ Тоҷикистон робитаи зичи ҳамкорӣ дорад.
Бо даҳҳо муассисаи таълимию тадқиқотии хориҷӣ низ шартномаҳои ҳамкорӣ баста, раванди мубодила, аз он ҷумла, олимону донишҷӯёнро ба роҳ мондааст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо, моро зарур аст, ки бобати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолият, махсусан, дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ тарбия намудани донишҷӯён, корро вусъати дигар бахшем.

Дар охир раиси вилоят таъкид дошт, ки мо бояд ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси ҲХДТ садо дода буданд, ҳамчун шиори рӯзмарраи ҳаёту фаъолияти худ қарор диҳем, ки гуфтанд: “Дар куҷое бошед ва дар кадом вазъияте бошед, ҳеҷ гоҳ ба миллату давлати хеш хиёнат накунед”.
Эътимоди мо комил аст, ки хатмкунандагони азиз, донишҷӯёну ҷавонон ва умуман ҳар нафаре, ки дар шараёни ӯ хуни тоҷикӣ равон аст, бо донишу касбияти баланд, эҷоди волою ҳунари пурҷазобу ахлоқи намунавии хеш дар кадом гӯшаи дунё набошанд, саъй бар он хоҳанд намуд, ки Парчами номуси миллатамонро боло хоҳанд бардошт.

Сипас, дар ваъияти тантанавӣ ба хатмкардагони донишгоҳ Диплом супорида шуда, барномаи фарҳангии аҳли ҳунар анҷомбахши чорабинӣ гардид.