Дар ВМКБ ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон якҷоя бо Шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Таърихи 6 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон якҷоя бо Шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид, ки дар он Муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, Котиби Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Исматулло, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур Аҳмад, муовини якуми раиси Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Имомалӣ, муовини якуми директори Агентии обу ҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зистии Ҷумҳурии Тоҷикистон Байдуллоева Ҷамила ва Қаландариён Ҳоким Сафар иштирок ва суханронӣ карданд.






