ВМКБ. Ҷаласаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз, бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Раҷабзода Зунайда оид ба фаъолияти ҳизб дар шаш моҳи соли 2025 ахборот дода, зикр кард, ки дар ин муддат бо дастгирии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ фаъолиятӣ КИ ҲХДТ дар вилоятро қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ Интихобот ба Маҷлиси Олии мамлакат ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дар сатҳи баланд бо иштироки аксарияти интихобкунандагон доир гардид.
Таззакур бояд дод, ки ҲХДТ таҳти роҳбарию роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати яке аз нерӯҳои пешқадами низоми сиёсии кишвар, дар ин интихобот фаъолана ширкат варзида, номзадони он дар ҳамаи маҷлисҳои мардумӣ соҳиби бештари ҷойҳо шуданд.
Ҳамаи ин аз эътибору ҷойгоҳи устувори Ҳизб, алалхусус, манзалати баланд ва маҳбубияти Раиси он, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъият гувоҳи медиҳад.
Зимни баромад раиси вилоят таъкид дошт чорабинии дигаре, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар, минҷумла фаъолони ҲХДТ рух дод ин дар моҳи июли соли 2025 бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мебошад.
Раиси вилоят дар баромади худ аз дастовардҳои вилоят дар 6 моҳи соли 2025 ёдоварӣ гардида, иброз дошт, ки маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Дар фарҷом зумрае аз кормандон бо сипосномаи раиси КИ ҲХДТ дар вилоят қадр карда шуданд.




