Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Нишондиҳандаҳо дар ҳамаи соҳаҳо назаррас мебошанд

Санаи 08 августи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар шаш моҳи соли 2025 бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ муовини якум, муовини раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, идораву муассисаҳо, инчунин намояндагони АМИТ «Ховар», Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои «Бадахшон », «Нигини Хоруғ», сармуҳаррриони моҳномаҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб, мухбтрони минтақавии телевизионҳои ҷумҳуриявӣ – телевизиони «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», “Сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” “Варзиш” хабарнигорони рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Народная Газета», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва маҷалаи “Бонувон” иштирок доштанд.

Нахуст, раиси вилоят баҳри ҳамкории судманд бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят, дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлат, арзишҳои миллию давлатдорӣ ба ҳамаи рӯзноманигорон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Инчунин вобаста ба дастовардҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, сайёҳӣ ва кор бо занон ва оила дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, бо ҳидоят ва дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист нақшаю барнома ва уҳдадориҳои иқтисодию иҷтимоии худро сарбаландона иҷро намояд.

Мардуми сарбаланди вилоят ҳанӯз ҳам таҳти таассуроти амиқи ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳарчи бештар саҳмгузорӣ карда истодаанд.
Бо хушнудӣ зикр бояд кард, ки дар ҷараёни ташрифи навбатӣ бо ҳузури мубораки Роҳбари давлат, ва дар доираи сафар дар ҳудуди вилоят, дар маҷмуъ 140 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 45 тои он корхонаҳои саноатӣ ва 27 адади дигар муасиссаҳои томактабӣ мебошанд.

Зикр гардид, ки дар шашмоҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷети вилоят бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 139,6 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 6,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаро баркуниҳои ғайринақдӣ» тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида гурўҳҳои корӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои дигари қарзии вилоят дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва нуқтаҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 760 ҳазору 652 адад амалиётҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо ба маблағи 550 млн 017 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯи шумораи амалиёт 68 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми маблағи гузаронидашуда 6 маротиба афзоиш ёфтаанд.
Ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир гардид. Мутобиқи маълумот дар вилоят 9839 субъект дар қайд буда, аз он ҷумла 9074 соҳибкори инфиродӣ ва 765 нафар шахсони ҳуқуқӣ ба андозбандӣ ҷалб гардидаанд, 1057 субъекти хоҷагидор нисбати соли пеш зиёд шудааст.
Дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 283,3 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудшуда 217,1 млн доллари ИМА ё 76,6 фоизи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.

Вобасата ба соҳаи саноат раиси вилоят гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 225,7 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 6,8 млн сомонӣ афзудааст. Маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, ба 102,8 млн сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 7,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра 91,5 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 57,2 га ё 2,6 маротиба зиёд мебошад.

Дар вилоят соҳаи саноат бемайлон рушд намуда истодааст, ки дар ин давра Шумораи корхонаҳои саноатӣ 183 ададро ташкил медиҳанд. Хушбахтона, дар нимсолаи аввал дар вилоят 45 корхонаю коргоҳҳо бо 360 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ки чунин раванди саноатикунонӣ бесобиқа мебошад.
Бояд зикр кард, ки таъмини истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
Бо қаноатмандӣ бояд гуфт, ки соли равон зимни сафари навбатии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, НБО-и “Себзор” дар ноҳ Роштқалъа ва неругоҳҳои хурди обӣ ва офтобӣ дар ноҳияҳои Рушон Дарвоз ва Мурғоб ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон, раиси вилоят вобаста ба дастовардҳои соҳаи роҳдорӣ, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, сайёҳӣ ва кор бо занон ва оила дар нишасти матбуотӣ ёдоварӣ намуд.

Пас аз баромади раиси вилоят рӯзномагнигорон ва аҳли қалам ба роҳбарияти вилоят саволҳо пешниҳод намуда аз тарафи раиси вилоят ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххасро гирифтанд.