Паёми табрикотии Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ бахшида ба Рўзи варзишгарон
Ҳамчун анъана, дар саросари кишвар 10 август Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад, ки ин нишоне аз сиёсати варзишпарварона, арҷгузорӣ, дастгирӣ ва қадршиносии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ҷомеа мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб кулли варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро бо иди касбиашон табрику муборакбод гуфта, барояшон рўзгори хушу осуда, сарбаландӣ, саодати зиндагӣ ва дар корҳои ҳаррўзаашон муваффақиятҳои навро таманно дорам.
Қобили зикр аст, ки бо ҳифзу тақвияти риштаҳои гуногуни варзиш ва ғамхорию дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар соҳиби эътибори хоса гардида, мунтазам рушд меёбад.
Амалишавии иқдомҳои шоиставу сатҳи байналмилалӣ дар кишвар дар ин самт бори дигар мавқеи Тоҷикистонро устувор намуда, ташаббусу пешниҳодҳои беназири он ҳамеша дастгирӣ меёбад. Бояд ёдовар шуд, ки соли гузашта 25 май бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид, ки соли равон ин рӯз бо тантана дар арсаи ҷаҳон таҷлил гардид.
Дар шароити имрӯза Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишро ба сифати яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, баҳри рушди ин соҳаи муҳим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳояшон қайд карда буданд, ки «Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халҳу миллат дар арсаи љањон мањсуб мешавад».
Таъкид бояд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзиши вилоят дигаргуниҳои шоёне рўи кор омаданд. Дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни он ва ҷалби қишрҳои мухталифи ҷомеа ба варзиш як қатор иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Маҳз дастгирӣ ва ғамхории рузафзунӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои миллат аст, ки дар рузҳои ташрифи Роҳбари давлат ба вилоят майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. Чунин ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар варзишгарони моро водор месозад, ки баҳри баланд бардоштани Парчами давлатӣ дар арсаи ҷаҳон боз ҳам талош варзанд.
Варзишгарони ВМКБ анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо гардида истодаанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки имрўз дар қатори дигар парчамбардорони муваффақи ҷумҳурӣ, варзишгарон – зодагони вилоят низ дар арсаи ҷаҳонӣ обрўву нуфузи кишвари маҳбубамонро ҳифз менамоянд. Бо ифтихор метавон номи Хушқадам Хусравов, Шакармамад Мирмамадов, Шайхов Сайёд, Фируз Шамсиддинов, Сомон Маҳмадбеков ва Обид Ҷебовро қайд кард.
Чанд руз пеш варзишгари бомаҳорати вилоят Шакармамад Мирмададов дар чемпионати осиё аз намуди кураш иштирок намуда, сазовори медали тилло гардиданд, ки ин боиси ифтихори кулли хурду бузурги Тоҷикистони азизи мо мебошад.
Боварӣ дорем, ки варзишгарони вилоят бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои нави варзишӣ равона месозанд.
Бо чунин ниятҳои нек, ба ҳар як сокини вилоят, ҳамчунин варзишгарони босаодат барору комёбӣ таманно намуда, ба Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, амнияти комил ва ба мардуми сарзамини аҷдодӣ саломатии бардавомро хоҳонам.
Рӯзи варзишгарон муборак!



