САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВМКБ БА НОҲИЯИ ДАРВОЗ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 34 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва расидагӣ ба мушкилоти мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоотҳои соҳаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дарвоз субҳи рӯзи чоршанбе 13-уми август Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ноҳияи мазкур сафар карданд.
Нахуст Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар деҳаи Пошхарви Ҷамоати деҳоти Вишхарв бунгоҳи тиббии муосирро ба истифода доданд.
Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи мазкур дар доираи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ сохта шуда, ҳамчун туҳфаи арзишманд ба 17 хоҷагии деҳа хизматрасонӣ менамоянд.
Раиси вилоят сокинони ин деҳаро бо фарорасии 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва ифтитоҳи бунгоҳи тиббии замонавӣ табрик гуфта аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати рушди бесобиқаи иқтисодию иҷтимоии вилоят ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз Истиқлоли меҳан, дастгирҳои рӯзафзун ва таъмини субот қобили сиёсӣ имконият додааст, ки ҳатто минтақаҳои дурдасти вилоят низ корҳои ободонию созандагӣ ҳар чӣ бештар вусъат ёфтаанд.
Деҳаи Пошхарв аз маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба масофаи 180 км ҷойгир мебошад.
Аҳолии деҳот ба Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи нек ва ғамхории падарона ва фароҳам овардани шароити сатҳи баланд ва хизматрасонии муосири тиббӣ сипоси самимӣ баён намуданд.
Сафари кории Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Дарвоз давоми чанд рӯз идома хоҳад ёфт.




