Сафари кории раиси вилоят дар ноҳияи Дарвоз идома дорад
Бо мақсади таҷлили сазовор аз ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 уми август дар ноҳияи Дарвоз бо иштироки раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва раиси ноҳияи Дарвоз дар деҳаҳои Зиғар ва Ушхарви муассисаҳои томактаби барои 60 нафар кудак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода уданд.
Муассисаи томактабии деҳаи Зиғари ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 450 ҳазор сомонӣ бо сифати баланди меъморӣ сохта марвди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.Дар ифтитоҳи бинои мазкур раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва ҳайати расмӣ ширкат намуда, ба сифати корҳои бунедӣ баҳои арзанда доданд.Бояд гуфт, ки дар деҳаи Зигар 106 хоҷагӣ истиқомат дошта, бо шукргузорӣ аз фазои соҳибистиқлолӣ боз ба як кудакистони замонавӣ дастрасӣ пайдо намуданд.
Зимни боздиди раиси ВМКБ , аз бинои сохташавандаи бунгоҳи нави тиббӣ ва китобхонаи замонавӣ дидан намуд. Бинои мазкур ду ошёна буда, ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки он бо тамоми шароити лозимӣ муҷаҳҳаз гардонида хоҳад шуд.
Дар сухбат бо сокинони маҳаллӣ раиси вилоят Мирзонбот Алишер Худобеодӣ қайд намуд, ки бо шарофати соҳиистиқлолии кишвар ва ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои муазами миллат барои рушди фъолияти соҳаи маориф ва насли ояндасози кишвар инфросохтори зарури фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз чунин имконот ҳар як шахс вазифадор аст, ки кудаконро дар руҳияи дуст доштани ватан ва худшиносӣ тарбия намоянд. Бошандгони маҳалли низ миннатдории худро ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти вилоят баён дошт, бо итминони комил иброз доштанд, ки минбаъд низ саҳми худро дар ободониву созандагӣ ва таҷлил сазовор аз таҷлил сазвор аз ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ хоҳанд гузошт.
Ҳамчунин, дар деҳаи Ушхарви ҷамоати мазкур низ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ ва ҷалби қувваи кории сокинони маҳал боз як муассисаи томактабӣ маврид баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Зимни ифтитоҳи муассисаи мазкур раиси вилоят ва гуруҳи корӣ бо шарту шароти таълиму тарбияи насли ояндасоз шиносоӣ пайдо намуданд. Кудакистон ду ошёна буда, барои 30 нафар кудак пешбиниӣ шудааст.
Пас аз шиносои бо корҳои бунёди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар саҳни муассиса бо сокинони маҳаллӣ суҳбат доир намуд. Дар суҳбат қайд карда шуд, ки саҳми арзандаи сокинони маҳаллӣ дар вусъати корҳои созандагӣ боиси ифтихору сарфарозист.Аз таваҷҷуҳи рузмарраи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф ёдоварӣ намуд, гуфт, ки ҷавобан ба ҳамаи ғамхориҳо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд насли наврасро ба азхудкунии илмҳои замон ва технологияи муосир тарбия намояд. Дар чунин муассисаҳои наву замонавӣ ва муҷаҳҳазгардонидашуда, ҳар як кудак бояд дар фазои созгор ба камол расад.
Пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳияи Дарвоз раиси вилоят бо сокинони ин ноҳия суҳбату мулоқот анҷом доданд.




