Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Мусобиқаи варзишии ҷудо ҷамъбаст гардид

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ, раиси федиратсияи Ҷудо дар вилоят Нуралӣ Шарипов, мусобиқаи варзишӣ аз намуди ҷудо баргузор гардид.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни баромад кулли меҳмононе, ки дар чорабинии имрӯза ба маркази маъмурию фарҳангии вилоят – шаҳри Хоруғ ташриф оварданд, хайри мақдам гуфта, зикр дошт, ки сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори мамлакат ҳамаи намуди варзиш рушд намуда, рӯз аз рӯз теъдоди варзишгарон зиёд шуда истодааст.

Зимни баромад раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҷиҳати дастгириҳо ва рушди ҷудо дар вилоят изҳори сипос баён доштанд.

Дар ин мусобиқа духтарон низ иштирок дошта аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон додаанд.
Ҷоми раиси вилоят насиби варзишгарони ноҳияи Рушон гардид.

Варзишгароне, ки то вазни +100 кг бо ҳам қувваозмоӣ намуданд ва сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд бо Диплом,, медал ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.