ВМКБ. Таҷлили Рӯзи табибон хотирмон буд.
Имрӯз дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи М. Назаров бахшида ба Рӯзи табибон чорабини фарҳангӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид. Нахуст раиси вилоят аз намоиши дастовардҳо, имкониятҳои моддӣ ва техникии соҳаи тандурустӣ дидан намуданд.
Сипас, чорабинии бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, зимни ироаи табрикотӣ Раиси вилоят иброз намуд, ки чорабинии имрӯзаи мо дар пешорӯи ҷашни муқаддаси мардумӣ 34 –солагии Рӯзи Истқлоли давлатӣ баргузор гардида истодааст, ки аз самараи он дар радифи дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ, соҳаи тандурусти низ рушди бесобиқа намуда истодааст. Бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии моддию молиявӣ ва таҷҳизотию кадрии соҳа таҷдиду устувор шуда, ҷанбаҳои ҳуқуқии соҳа мутобиқи талаботи замону фаъолият ташаккул ёфтанд.
Муассисаҳои нави муҷҷаҳазшудаи табобатию профилактикӣ бунёду таъсис дода шуда, таълимгоҳҳои муосири касбӣ ва олӣ бунёд гардиданд.
Роҳбари Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳа афзалият дода, чандин стратегия ва барномаҳоро муддати 34 соли соҳибистиқлолӣ роҳандозӣ намуданд.
Ҳамаи ин ва дигар тадбирҳои судманд сатҳу сифати фаъолият ва хизматрасонии тиббиро хеле баланд бардоштанд.
Зимнан бояд тазаккур дод, ки дар меҳвари ҳамаи комёбиҳо ҳамеша меҳнати ҳалол, заҳмати шабонарӯзӣ ва масъулияти баланди мутахассисон ва умуман кормандон меистад.
Маҳз донишу таҷриба, касбияти баланд ва албатта хислатҳои хуби инсонӣ, ки махсусан дар соҳаи тиб баръало зоҳир мешаванд, табибони ҳозиқ ва дар маҷмуъ, кулли кормандони соҳаи тандурустиро дар ҷамъият соҳибэҳтиром сохтаанд.
Ҷойиз ба қайди махсус аст, ки аҳли соҳаи тиб дар қатори иҷрои вазифаҳои бевоситаи касбии хеш, ҳамчунин дар чорабиниҳои дигари давлатию ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Гуфта шуд, ки бо таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ширкати бевосита дар ободонию кабудизоркунии маҳалли истиқомату ҷойи фаъолият, ҳамчунин чорабиниҳои ба ин самт нигарондашуда, гувоҳи он ҳастанд, ки табибон ва дигар кормандони соҳа яке аз қишрҳои пешгом ва пешбарандаи ҷамъият ба шумор мераванд.
Аз ин рӯ, дар ҳамдастӣ мо бояд минбаъд низ баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сирояткунанда ва ташхису табобати дурусту фаврии беморон тадбирҳои бештару беҳтар андешем.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ аз ҷониби худ кӯшиш менамояд, ки соҳаро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти ҳамаҷонибаи он, аз он ҷумла, бо шароити хуби корию ҳаётӣ таъмин сохтани кормандон, тадбирҳои судманд андешад. Чунин ҳамкорӣ ва дастгириҳо минбаъд боз ҳам тавсеа хоҳанд ёфт.
Пас аз суханронии раиси вилоят зумрае аз кормандон ва собиқадорон бо Ифтихорномаи раиси вилоят, Ифтихорноми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии тандурустӣ, медали итифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тиб ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.
Барномаи фарҳангии аҳли ҳунар анҷомбахши чорабинӣ гардид.




