Паёми табрикотии Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб
Фарорасии Рӯзи кормандони соҳаи тибро ба кулли табибон ва собиқадорони соҳа сидқан шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва иқболи баланд таманно менамоям.
Боиси ифтихор ва сарфарози аст, ки Иди касбии табибон ҳамасола дар рӯзи мавлуди фарзанди барӯманди халқи тоҷик, олими шинохта Абӯалӣ ибни Сино дар тамоми гӯшаю канори мамлакат бо шукуҳу шаҳомати бепоён дар фазои осудаи Тоҷикистони азизамон таҷлил мегардад.
Ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, Ҳукумати мамлакат, алалхусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти махсус дода, марҳила ба марҳила ҷиҳати такмили фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии он тадбирҳои зарурӣ равона гардида истодаанд.
Даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ шароити хуб муҳайё гардид, ки ВМКБ аз ин истисно нест.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ бо кӯмаку дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои азим ноил гардида, беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат кормандони соҳаи тиб пайваста талош дорад, ки ба касби худ содиқ буда, софдилона ба халқу миллати хеш хидмат намоянд. Оре, имрӯз мардум низ аз фаъолияти кормандони соҳаи тиб сипосгузор буда, заҳматҳои шабонарӯзии табибонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки кормандони соҳаи тиб дар баробари фаъолияти кории хеш дар ободиву шукуфоӣ ва созандагиву бунёдкори саҳми арзанда дошта, пайваста дар корҳои ҷамъиятӣ баҳри рушду нуми як гушаи Тоҷикистони азиз саҳми боризи худро гузошта истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи табибон беҳтар ва дараҷаи хизматрасонӣ баланд бардошта шавад.
Ҳар як табиб бояд шарафи касбии худро ҳифз намуда, ба савганди худ содиқ буда, бо фаъолияти софдилонаи хеш барои солимии миллат, ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ аз таҷрибаи бойи собиқадорони соҳа ибрат гирифта, саҳмгузор бошед.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар, табибон, собиқадорон ва кулли кормандони ин соҳаро бо ифтихори ин иди бузург табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаатон бурдбориҳои беназирро таманно менамоем.
Ҷашн муборак, ворисони Сино.



