Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

РУЗИ ДОНИШ, ДАРСИ СУЛҲ ВА ОҒОЗИ СОЛИ ТАҲСИЛ МУБОРАК!

Ҳамасола дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш, Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Имсол 30 август Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат доир гардид.

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо иштироки Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худоберди, Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дар толори донишгоҳ тамошои дастаҷамъонаи суханронии Пешвои миллатро тариқи пахши мустақим тамошо намуданд.

Баъди тамошои дастаҷамъонаи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят бо аҳли толор мулоқот намуда, иброз дошт, ки ҳамаи мо суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Рӯзи дониш шунидем. Рузи 1 уми сентябр амалан оғози соли нави таҳсил дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилот ба ҳисоб меравад.

Соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ ба пешравиҳои зиёде ноил гардида айни замон бунёди муассисаҳои томактабӣ дар саросари ҷумҳурӣ бемайлон идома дошта, то таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистони азиз, теъдоди онҳо бамаротиб афзун хоҳад гашт.

Ҳамаи ин, танҳо ба як ҳадаф ва он ҳам бошад, соҳибмаълумот намудани насли наврасу ҷавони кишвар ва тавассути он таъмин намудани ҳаёти шоиста барои шаҳрвандони мамлакат ва баланд бардоштани иқтидори иқтисоди ва мудофиавии кишвар нигаронда шудааст.

Гуфта шуд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар масири рушду инкишофи соҳаи маорифи вилоят, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи пасошӯравӣ дастовардҳои назаррас дорад.

Зимнан, месазад, хотиррасон намуд, ки аҳли маорифи вилоят, дар ибтидои соҳибистиқлолӣ, ба мушкилоти ҷиддӣ нигоҳ накарда, фаъолияти касбияшонро бо масъулияти баланд иҷро намуданд.
Аз он ҷумла, ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи навтаъсиси давлатии Хоруғ ба номи профессор М.Назаршоев, дар он давраи басо вазнин, тавонистанд, билоди ин муассисаи нахустини олии таълимии вилоятро мустаҳкам намуда, шогирдони сазоворро ба камол расонанд.

Зикр гардид, ки соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои зиёди муҳими сиёсию илмӣ, фарҳангию варзишӣ доир гардиданд, ки қуллаи баландтарини онҳо ташрифи Пешвои раъиятпарвари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсуб меёбад.
Тавре ҳамагон шоҳид будем, зимни ташриф иншооти зиёди таъиноти гуногун, аз он ҷумла, 35 муассисаи соҳаи маориф, ва 45 саноатӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷониби Ҷаноби Олӣ дастуру ҳидоятҳо бобати бунёди чанд объекти муҳими таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ дар вилоят ироа гардид.
Ташриф дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ва маърифатию ахлоқӣ доир гашт, ки дар ин ҷода нақши ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни ДДХ ва умуман аҳли маорифу илми вилоят низ бориз мебошад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чуноне ки Сарвари мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, минбаъд низ тамоми имкониятҳо ҷиҳати рушди соҳаи имлу маориф муҳайё хоҳанд шуд.

Аз ҷониби МИҲД вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, минбаъд низ, дар доираи имконият барои фаъолияти хуби олимону омӯзгорон ва хониши аълои донишҷӯёну шогирдони макотиби миёнаву тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.