Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Номаи табрикоти Муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати Рӯзи дониш

Муҳтарам устодону омӯзгорон!
Хонандагони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи бузургтарин ҷашни миллӣ 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Имрӯз аз файзу баракати Истиқлол ва суботу амнияти кишвари азизамон тамоми муассисаҳои таълимӣ чун анъана дарҳои худро ба рӯи шогирдон боз намуда, онҳоро ба оғӯши маърифату маънавият фаро мегиранд.

Ба ин муносибат, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан аз номи худам Шуморо бо оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, бароятон дар иҷрои масъулияти ниҳоят душвору пуршараф, тарбияи насли наврас комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас хеле зиёд аст.

Чанд руз пеш ҳамаи мо суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Рӯзи дониш гуш карда будем, ки Пешвои маорифпарвар бори дигар аз мақому манзалат омузгор ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст”.

Соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ ба пешравиҳои зиёде ноил гардида айни замон бунёди муассисаҳои томактабӣ дар саросари ҷумҳурӣ бемайлон идома дошта, то таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистони азиз, теъдоди онҳо бамаротиб афзун хоҳад гашт.

Маҳз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба як қатор дастовардҳо ноил гардид.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соли равон аз ҷониби Ҳукмати мамлакат ва соҳибкорон 27 муассисаи томактабӣ сохта бо тамоми таҷҳизоти муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Инчунин, давра ба давра муассисаи таҳсилоти умумӣ азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуда истодаанд.

Зимнан, таъкид бояд кард, ки рушди маориф бе кадрҳои баландихтисоси соҳа ғайриимкон аст. Зеро дар тарбияи насли наврас омӯзгорони соҳибтаҷриба ва аз илмҳои муосир бархӯрдор нақши калидӣ доранд. Дар ин самт омӯзгоронро зарур аст, ки сифати таълиму тарбияро ба равандҳои ҷаҳони муосир мутобиқ ва аз усулҳои нави таълимдиҳӣ васеъ истифода намоянд.

Албатта, беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, фарогирии хонандагон, махсусан духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот, дохилшавии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷи он, ба таълиму тарбияи махсус фаро гирифтани хонандагони болаёқат, рушди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои намуди нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимии хусусӣ ба сифати таълиму тарбия такони ҷиддӣ бахшид.

Боиси хушнудист, ки сол ба сол хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, шарафу номуси вилоятро дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳимоя мекунанд.

Боварӣ дорем, ки маорифчиёни вилоят дар соли нави таҳсил бо меҳнати фидокоронаву содиқона дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтару бештар заҳмат кашида, баҳри тарбияи насли наврас ҳиссаи арзишманди худро хоҳанд гузошт.
Дар ин ҷода, ба ҳар яки Шумо тавфиқ ва дар таълиму тарбияи насли наврас барору комёбиҳо таманно дорам.

Рӯзи дониш муборак, ҳамдиёрони азиз!