Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Дави истиқлол дар шаҳри Хоруғ

Субҳи имрӯз, 7 сентябри соли 2025 дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ дави истиқлол баргузор гардид.

Нахуст, раиси вилоят кулли иштирокдоронро бо фарорасии 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши варзишро дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим арзёбӣ намуда, онро яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб мешуморанд.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ низ ҷиҳати таъмини фазои мусоид баҳри ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон ва сокинон иқдоми судманд роҳандозӣ гардидааст.

Дар маъракаи дави Истиқлол тамоми хурду бузрг иштирок намуда, чорабинӣ аз назди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев оғоз гардида, то Боғи Ғалаба идома кард.

Маъракаи оммавии варзишӣ дар сатҳи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ташкил ва гузаронида шуд