Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТҲО ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ иншоотҳои соҳаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ифтитоҳи чунин иншоотҳо раиси вилоят сокинонро бо фарорасии 34-умин солгарди ҷашни умумимиллӣ ва ба истифода додани биноҳои замонавӣ табрик намуданд.

Нахуст, раиси вилоятро дар маҳалаи Теми шаҳри Хоруғ сокинони маҳалла бо дафу доира пешвоз гирифта, дар ин маҳал раиси вилоят бо лоиҳаи сохтмони майдончаи варзишӣ ва муассисаи томактабӣ шинос гардид. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар маҳаллаи мазкур зиёда аз 227 хоҷагӣ зиндагӣ доранд. Таъкид гардид ин ду иншооти ниҳоят муҳим то ҷашни бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Мирзонабот Алишер Худобердӣ раиси вилоят сокинони ин маҳалларо ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, аз дастовардҳои сивучор соли истиқлоли дар шаҳри Хоруғ ҳарф зада, иброз дошт, ки маҳаллаи Тем низ сол аз сол ободу зебо шуда истодааст.

Сокинон барои ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар бахусус Пешвои муаззами миллат ва рушди ҳамаҷонибаи шаҳри Хоруғ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзу сипос баён намуданд.