70 НАФАР ОМӮЗГОР ВА ТАБИБ СОҲИБИ ҚИТЪАИ ЗАМИН БАРОИ СОХТМОНИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ГАРДИДАНД.
Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ омӯзгор ва табиб дар зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахус Сарвари оқилу дурандеши мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва пайваста баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва табиб дар кишварамон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Ба ин хотир имрӯз дар шаҳри Хоруғ дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба 70 нафар омӯзгору табиб, ки яке дар таълиму тарбия ва дигаре дар ҳифзи саломатии инсон саҳми мубориз доранд, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақдим гардид.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дарбаробари бунёди хонаҳои истиқоматӣ инчунин дар ин мавзеъ сохтмони иншоотҳои гуногуни хизматрасони ба нақша гирифта шуда дар оянда аз рӯи нақша бунёд мегарданд.
Раиси вилоят омӯзгорон ва табибонро бо ҷашни бузурги миллӣ 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва соҳиб гардидан бо қитъаи замин барои сохтмони хона табрик гуфта, таъкид дошт, ки ҳамаи ин ғамхории навбатии Ҳукумати кишвар минҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Солҳои охир бо дастгирии Роҳбари давлат кормандони соҳаҳои маориф ва тиб бо хонаҳои хизматӣ таъмин гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар навбати худ барои беҳтару хубтар намудани шароит барои кормандони соҳаҳои зикргардида, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Шахсоне, ки соҳиби заминҳо гардиданд, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузори намуда, онро туҳфаи арзишманд дар арафаи сивучорсолагии истиқлоли давлатӣ унвон карданд.




