ТАБРИКНОМАИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН МИРЗОНАБОТ АЛИШЕР ХУДОБЕРДӢ БА ИФТИХОРИ 34 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамватанони арҷманд!
Сиву чор сол муқаддам дар таърихи миллати тоҷик муҳимтарин ва мондагортарин руйдод ба вуқӯъ пайваст.Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва кишвари соҳибихтиёр гардид. 34 сол боз мардуми шарифи тоҷик 9 сентябрро чун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омодагии комил ва бо шукӯҳу шаҳомати тамом ҷашн мегиранд.
Ин як иди ҳақиқии умумидавлатӣ ва умумихалқӣ барои миллати тоҷик ҳисоб меёбад. Ин рӯз орзуву ормони чандинасраи миллати тоҷикро бароварда кард ва барои рушду камоли миллати тоҷик, пешрафту нумӯи давлати соҳибихтиёр роҳ кушод.
Дар тӯли таърих миллати мо аз гирдбоду талотуми таърих, озмоишҳои сангину миёншикан бо сари баланду ғурури тоҷикона баромад, адабу фарҳанги воло, ҳуввияти миллӣ, забони нобу тавонояшро ҳифз намуд ва ғанӣ сохт. Дар ҳудуди беш аз ҳазор сол ҳифзу нигаҳдошти фарҳангу забон ва илму адабиёт дар замони тохтутоз миёни аҷнабиён ва бегонагон кори саҳлу андак нест. Ин рисолатро танҳо миллати тоҷик тавонист ба ҷо орад. Аз ин ҷо Истиқлолият дар сарнавишти давлат ва миллати тоҷик ҳақиқатан нақши калидӣ дорад ва чун рӯйдоди фараҳбахштарини асри пешин арзёбӣ мегардад.
Маҳз ба шарофати сарсупурдагӣ ва азхудгузаштаниҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти миллату давлат мо имсол дар фазои сулҳу салоҳ, рӯҳияи олии ватандорию хештаншиносӣ ва шукӯҳу шаҳомати том 34 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро бо ифтихор ва қалби саршори сурур таҷлил менамоем.
Даврони Истиқлолият барои ҷаҳониён аслу асолати миллати тоҷикро равшан ва ҳувайдо намуд. Шиори миллати тоҷик аз рӯзи пайдоиши одаму олам – «Гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек» чун маҳаку ҷавҳари ахлоқи инсонӣ ва пояҳои асосии одамият мавқеияти мардуми моро ниҳоят орифона ва барҷаста ифода кардааст, ки амсолаш дар ягон миллату халқияти дунё дида намешавад. Ин суннату мавқеият ва тамаддуни ғанӣ, нерӯи тавонои зеҳнӣ, афкори ҳаётофари миллати тоҷик буд, ки ба хазинаи тамаддуни оламиён оғоз аз Зардушту Монӣ то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Носири Хусрав, Умари Хайёму Мавлонои Рум, Саъдиву Ҳофиз, Сайидою Бедил, Шоҳину Аҳмади Дониш барин алломаҳои илму адабу фарҳангро ворид сохтааст.
Ба шарофати истиқлолият халқҳои ҷаҳон тамаддун ва асолати миллати тоҷикро шинохтанд ва мунсифона баҳои баланд доданд. Ин аст, ки имрӯз бисёр кишварҳои олам бо кишвари тозаистиқлоли тоҷикон равобити иқтисодию фарҳангӣ роҳандозӣ намудаанд ва ҳама мардуми дунё миллати қадиму ориёӣ будани тоҷиконро эътироф кардаанд.
Истиқлолият на танҳо дар шинохту ҳуввияти миллӣ нақши муҳим бозид, балки мардуми сарафрози тоҷикро сабақҳои ватанпарастӣ, давлатдории соҳибихтиёрона, кору пайкори ободонию созандагӣ, азму нияти даст ёфтан ба истиқлолияти сиёсию иқтисодию фарҳангиро омӯзонд ва дар ин радиф ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият дода, ҳуқуқу озодиҳо ва арзишҳои олии инсониро барои ҳар як шаҳрванд муқаррар сохта, миллати тоҷикро бахтиёр намуд. Истиқлолият барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ тимсоли равшани бақои давлату миллат, рамзи асолату ҳуввияти миллӣ, нишони орзуву ормонҳои таърихӣ, баёнгари мавқеияти байналмилалӣ пайдо намудани кишвар ва ба дунёи мутамаддин пайвастани Тоҷикистон мебошад.
Истиқлолияту озодӣ дар тақдирномаи миллати тоҷик таҳаввулот ва дигаргуниҳои азими таърихиро арзи ҳастӣ намуд ва ба марҳилаи нави таърихии миллату кишвар оғоз бахшид.
Дар ин робита тамоми ҳамдиёронро бо фаро расидани ин рӯзи муборак бо тамоми эҳсосу масъулияти ватандорӣ табрику шодбош мегӯям, ба хонадони ҳар яки шумо нишоту хушбахтӣ, рӯзгори осуда, ба якояки шумо тансиҳативу бардамӣ ва табъи хушу созандаро таманно менамоям!



