ВМКБ. Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси вилоят муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор дар театри вилоятӣ ба номи М. Назаров чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят ва меҳмононро ҳунармандон бо созу суруд пешвоз гирифта, ҳамзамон аз намоиш дидан намуданд.
Сипас чорабинии расмӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, аҳли толорро ба муносибати сивучорумин солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки имрӯзҳо дар саросари Ватани маҳбубамон, аз он ҷумла дар ВМКБ, мардуми шарифи Тоҷикистон 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҶТро дар фазои суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдати комили миллӣ ва руҳияи баланди ватандорию созандагӣ таҷлил намуда истодаанд.
Ҳамчунин, ин рӯзи муқаддасро ҳамватанони бурунмарзиямон дар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марказҳои фарҳангӣ бо ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегиранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки наҷотбахш ва таҳкимбаши барҳақи Истиқлоли Тоҷикистон мебошанд, вобаста ба соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он барои миллат чунин иброз менамоянд:
“Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати Истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Истиқлолият нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.”
Бо шукргузорӣ тазаккур бояд дод, ки тӯли 34 соли замони соҳибистиқлолӣ ба иқтисодиёти ВМКБ миллиардҳо сомонӣ аз буҷети давлат ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ ворид шуданд, ки агар ба сари аҳолӣ бигирем, аз дигар минтақҳои ҷумҳурӣ, бамаротиб зиёд мебошад.
Дар доираи чор ҳадафи стратегӣ қитъаҳои душворгузари роҳи магистралии нақлиётии Душанбе-Хоруғ- Кулма аз нав бунёд гардида, кор дар ин самт бомаром идома дорад. Сохтмони пулҳо аз болои дарёи Панҷ Тоҷикистонро ба бозори ҷаҳонӣ пайваст намуда, бунёди роҳҳои дохилӣ ва пулҳо коммуникатсияи дохилиро хеле мустаҳкам намуд.
Имрӯз вилоят, минҷумла хоҷагиҳо, бо қувваи барқ таъмин буда, ҷиҳати аз худ намудани иқтидорҳои нави энергетикӣ тадбирҳои муассир андешида шуда истодаанд.
Танҳо дар се соли охир, дар вилоят зиёда аз 100 объекти саноатӣ, сохта ба истифода дода шуданд.
Дар соҳаи иҷтимоӣ: маориф, тандурустӣ, фарҳангу варзиш, сайёҳӣ ва истироҳату фароғат дар ин давра садҳо иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Муовини Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор зимни баромад мардуми ВМКБ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни бузургии миллӣ Истиқлоли давлатӣ самимона шодбош гуфта, аз пешравиҳои бузург дар замони соҳибистиқлолии ёдоварӣ намуданд.
Бархе аз кормандон ва собиқадорон бо мукофоти давлатӣ, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд
Аҳли ҳунари вилоят бо барномаи рангини худ чорабиниро ҳусни анҷом бахшиданд.




