Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ БА НОМИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ МУБОРАК ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарди ҷомеаи тоҷик аст, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ Истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой сарфароз гардиданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кулли сокинони вилоят ин мукофоти навбатиро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику муборакбод намуда, ба Сарвари давлат саломатию хонаободии доимӣ ва дар роҳи созандагию бунёдкории Ватани маҳбубамон комёбиҳои беназирро орзу менамоем.

Сарфароз ва фараҳманд аз он ҳастем, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як давлати ташаббускору эҳёгари сулҳу ваҳдат, дустиву якдилӣ пазируфта шудааст.

Ҳамаи ин дастовардҳо, аз заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки чандин маротиба хизматҳои шоёни Президенти маҳбуби кишвар аз ҷониби созмону кишварҳои гуногун, минҷумла сарони давлатҳо эътироф гардида, бо мукофотҳои сатҳи баланди давлатию созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ин қадрдонӣ нишонаи равшани эътирофи ҷаҳонӣ аз хизматҳои мондагори Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкориҳои дӯстона миёни кишварҳо ва талошҳои пайвастаи ин шахсияти бузурги таърихӣ барои пойдории сулҳи абадӣ мебошад.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷоизаи ба номи Лев Толстой ба шахсиятҳое дода мешавад, ки барои пешгирии ҷангҳо, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва бидуни зӯроварӣ, инчунин рушди фаъолияти сулҳҷӯёна саҳми назаррас мегузоранд.

Ин дастоварди муҳими сиёсиву дипломатӣ барои миллати тоҷик мояи ифтихор буда, бори дигар нишон медиҳад, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеи устувори ҷаҳонӣ пайдо намудааст.

Зимнан бо сипосгузорӣ бояд гуфт, ки ба шарофати сиёсати созанда, заковату хиради азалӣ ва заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар кишвари азизамон ​ Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоияти миллӣ тантана дошта, мардуми кишвар шоҳиди рўйдодҳои бузургу арзанда ва пешрафту дастовардҳои беназир дар Ватани маҳбубамон мебошанд.

Мо аз он ифтихор менамоем, ки маҳз бо сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ ташаббусҳои муҳими сатҳи ҷаҳонии кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шуда, дар асоси онҳо мушкилот башарӣ роҳи ҳалли худро ёфта истодаанд.

Бори дигар, бо як ҷаҳон эҳтирому самимият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ин мукофоти олии байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба Роҳбари Олии давлатамон саломатии бардавом ва муваффақиятҳои нав дар роҳи хизмат ба давлату миллати тоҷик ва кулли инсоният орзумандем.