ВМКБ. ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз, 12 сентябри соли равон ҷаласаи назди раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ баррасӣ гардид.
Дар асоси Қарорҳои раиси вилоят Шикориев Мунир Мирфарозович ба мансаби мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят, Фародов Некруз Иқболшоевич ба мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят, Тутиёева Парвина Хуршедовна ба мансаби мутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят ва Ёрбекова Азима Ҳасанова ба вазифаи мутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъморӣ таъин гардиданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ кадрҳои навтаъинро, барои таъин гардиданашон ба вазифаҳои ниҳоят пурмасъул дар хизматӣ давлатӣ табрик намуда, таъкид кард, ҳар як хизматчии давлатӣ бояд касби худро дӯст дошта, бо он ифтихор намояд ва барои давлату миллат содиқона ва софдилона хизмат намояд.




