Мулоқоти раиси вилоят бо масъулини ФФТ
Имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов мулоқот анҷом дод.
Нахуст, раиси вилоят меҳмононро ба маркази маъмурии вилоят, шаҳри Хоруғ хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳи ҳамешагӣ нисбати рушди соҳаи варзиш, бахусус футбол ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори сипос намуда, аз пешравиҳо ва дастовардҳои соҳаи футбол дар ВМКБ ҳарф заданд.
Зикр гардид, ки ифтихори кулли варзишгарон аст, ки ин соҳаи ниҳоят муҳим дар зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду равнақи соҳаи варзиш чораҳои зарурӣ андешида шуда, сол аз сол шавқу ҳаваси ҷавонон ва насли наврас ба футбол зиёд гардида истодааст.
Искандар Ҷалилов, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳонаш аз таваҷҷуҳи махсуси раиси вилоят нисбати варзиш сипсогузорӣ намуда, иброз доштанд, ки баҳри рушди футбол дар вилоят аз ҷониби федератсия тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд ва минбаъд кӯшиш менамоянд, ки чемпионатҳо байни дастаҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ дар вилоят ба роҳ монда шаванд.
Пас аз мулоқоти самимӣ раиси вилоят ва меҳмонон дар ноҳияи Шуғнон аз мавзее, ки дар оянда дар ин ҷо сохтмони Маркази рушди футболи наврасон ба нақша гирифта шудааст ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ дидан карданд




