МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ ЛИГАИ ФУТЗАЛИ БАДАХШОН
Дар шаҳри Хоруғ дар пайравӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва супориши Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, бо ҷалби 14 даста мусобиқаи футзал баргузор гардид.
Мусобиқа бо мақсади рушди футзал ва ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳким бахшидани самти варзиш дар вилоят ташкил шуд. Дар маросими кушодашавии мусобиқа Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов иштирок ва суханрони намуданд.
Дар чорабини раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ баромад намуда, ҷиҳати дастгириҳои пайвастаи
Мусобиқаи футзал дар вилоят на танҳо ҳамчун як чорабинӣ, балки ҳамчун як қадами бузург дар роҳи рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.




