Машварати васеи назди раиси ВМКБ баргузор гардид
Дар машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъалаҳои “Таҳлили рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз 29-уми сентябри соли 2020, №30 оид ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2020-2025” ва “Таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо либоси мактабӣ дар соли хониши 2024-2025” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Кори машварати васеро раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо масъалаҳои баррасишавандаи рӯзномаи он шинос намуд.
Дар кори машварат муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шӯъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, ҳамзамон намояндагони васоити ахборои омма иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи машварат, “Таҳлили рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз 29-уми сентябри соли 2020, №30 оид ба амалишавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2020-2025” раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо маълумот манзур намуд.
Иматшозода Анвар Иматшо, иброз дошт, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2020-2025” аз 67 лоиҳа ба маблағи умумии 83,7 миллион сомонӣ иборат буда, барои иҷрои пурраи корҳо 29,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 5,1 миллион аз буҷети вилоят, 4,9 миллион аз буҷети маҳҳалӣ, 43,1 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ва 1,6 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ба нақша гирифта шуд.
Зимни таҳлили ин масъала раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз раисони шаҳру ноҳияҳо тақозо намуд, ки ҳар яки банди барномаи нав бояд зери назорати роҳбарони шаҳру ноҳияҳо пурра таҳлил ва баъд ворид карда шавад, зеро сабаби асосии ноиҷро мондани бандҳои алоҳидаи барномаи солҳои 2020-2025 маҳз нодуруст ба нақша гирифтани лоиҳаҳо буд.
Дар робита ба “Таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо либоси мактабӣ дар соли хониши 2024-2025” ташкил дода, аз руйи он сардори Раёсати маорифи вилоят Мирзоқанд Аминҷон Бекназар ахборот дод.
Гуфта шуд, ки дар асоси шартномаҳои сеҷониба соли равон дар вилоят 7 ҳазору 910 ҷуфт ё худ 23 ҳазору 311 дона либоси мактабӣ истеҳсол гардида, аз ҷониби волидон харидорӣ карда шуд, ки ин нишондиҳанда 122 фоизро ташкил медиҳад. Барои 27 адад муассисаҳои томактабӣ бошад 442 ҷуфт ё худ 1 ҳазору 326 дона либос дӯхта шуд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз ҳисоботи сардори Раёсати маорифи вилоят интиқод намуда, нишондиҳандаҳои омориро нодуруст ҳисобид, зеро соли равон дар ноҳияҳои Мурғобу Дарвоз фоизнокии дӯхти либоси мактабӣ аз тарафи Сарраёсати омори вилоят бо фоизнокии пасттар нишон дода шудааст. Дар ин радиф раиси вилоят ҳамзамон ба садри маориф ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар самти норасогии кадрҳои педагогӣ ва омӯзиши хуби забонҳои давлативу хориҷӣ дар кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимӣ супоришҳои қатъӣ дод.
Дар ҷараёни кори машварат раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба масъалаҳои даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, омодагии ҷиддӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, афзун намудани теъдоди корхонаҳои саноатӣ, бо кадрҳои арзанда пур намудани вазифаҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аз раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ дар иҷрои намудани ӯҳдадориҳои хизматиашон масъулияти ҷиддиро тақозо кард.




