Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем

Баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35- умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ҷаласаи назди Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо иштироки муовини якум, муовинони раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳ, сардорони шуъбаву бахшҳо, раисони ноҳияҳо, муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ , сардорони идораву муассисаҳои дахлдор, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, ки масъулини бунёди иншоотҳо мебошанд, баргузор гардид.

Раисони ноҳияҳо ва муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ вобаста ба корҳои сохтмонию азнавсозӣ, ободонию созандагӣ, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ ба нақша гирифтаанд, ахборот дода, зикр доштанд, ки дар баробарии дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат баҳри рушду нумуи шаҳру ноҳияҳо соҳибкорони ватанӣ низ дар бунёди иншооти муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои томактабӣ ва меҳмонхонаҳои замонавӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Бо ташаббуси соҳибкорон имрӯзҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоотҳои таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар соли 2026 низ ин иқдом ба таври зарурӣ роҳандозӣ мегардад.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки солҳои охир дар амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат, бахусус саноатикунонии босуръат, қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардида, сохтмони иншоотҳои замонавӣ дар авҷи устувор қарор доранд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки саҳми соҳибкорони ватанӣ низ дар рушду нумуи вилоят хеле назаррас мебошад. Вобаста ба сохтмони муассисаҳои томактабӣ, корхонаҳои саноатӣ, гармхонаҳо раиси вилоят раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкоронро вазифадор намуданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ҳар як деҳа сохтмони як адад иншоотӣ ҷашни ба нақша гирифта шуда, дар арафаи ин санаи таърихӣ мавриди истифода қарор дода шавад.