Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Озмуни Илм фурӯғи маърифат ҷамъбаст гардид

Бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ , ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва дигар намояндагони касбу кори гуногун бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сарпарастии роҳбари давлат ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фуруғи маърифат” баргузор карда мешавад.

Дар ВМКБ дар даври вилоятии озмуни мазкур 408 нафар довталабон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд, ки ин теъдод нисбат ба соли 2024 зиёд мебошад.
Маросими ҷамъбасти натиҷаҳои озмун бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ доир гардид. Зимни баромади хеш роҳбари вилоят изҳор дошт, ки баргузории ин озмун заминаи мусоидро барои тақвияти зеҳнӣ ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир дар замони рушди техникаву технология фароҳам меорад. Ба таъкиди раиси вилоят сол аз сол теъдоди иштирокдорони озмун афзоиш ёфта истодааст.

Зарур аст, ки дар баробари зиёд намудани шумораи иштирокдорон ба сифати онҳо низ таваҷҷӯҳ зоҳир гардад, зеро ин тадбирандешӣ метавонад ба натиҷаҳои беҳтару хубтар расидани иштирокдорон заминаи мусоид фароҳам орад.

Аз теъдоди умумии 408 нафар довталабон 35 нафар сазовори ҷойи сеюм, 33 наффар сазовори ҷойи дуюм ва 15 нафар сазовори ҷойи якум гардиданд.

Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ғолибонро бо пируӯзӣ табрик гуфта, дар даври ниҳоӣ барои ҳамаи онҳо барору комёбӣ таманно намуд.

Ҳамаи ғолибон бо мукофоти пулӣ ва Дипломҳо аз ҷониби роҳбарияти вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи фарҳангӣ анҷомбахши маросими ҷоизасупорӣ дар вилоят гардид.