ВМКБ. Дастовардҳо дар ҳамаи самтҳо назаррас мебошанд
Машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додани масъалаи “Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2026” баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод иштирок намуд.
Кори машваратро раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ оғоз бахшида, изҳор дошт, ки соли 2025-ро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамаи самтҳо бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуд.
Муовини раиси вилоят оид ба масъалаи баррасишаванда “Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтсиодиву иҷтимоии ВМКБ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2026” маълумот манзур намуд.
Нақшаи қисми даромади буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2025 бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 271,8 млн нақшаи пешбинишуда ба буҷет маблағи 283,4 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 11,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли гузашта низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзии вилоят ҷиҳати пешниҳоди қарзҳо ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ ва ҷалби пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ корҳои муайянро ба сомон расониданд.
Ба мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар соли 2025 дар қаламрави вилоят 1412 адад постерминалҳо ва QR –рамзҳо фаъолият дошта нисбати соли гузашта 211 адад ё 18% зиёд гардидааст.
Тибқи иттилои муовини раиси вилоят дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 412,1 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021-2025-ум 138 лоиҳаро ба маблағи 4 млрд 759 млн сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 103 лоиҳа ба маблағи 4 млрд 905,7 млн сомонӣ ки аз рӯи лоиҳаҳои амалигардида 75 фоиз ва аз руйи маблағҳои ҷалбгардида 103,2 фоиз ба иҷро расидааст.
Дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2025 ба 336,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29,3 млн зиёд мебошад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрўз бо дарназардошти иншоотҳои берун аз нақша ба истифода дода шуда 1469 иншоот ё 107,9 фоиз сохта ба истифода дода шуданд.
Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи нақби мошингузар дар масофа 3400 метр дар ноҳияи Дарвоз, пули мошингузар шаҳри Хоруғ ба масофаи 200 метр ва ба таври фосилавӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузар бо дарозии 82 метр дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар доираи таҷдиди роҳи Ванҷ – дарвозаи Рушон сохтмони 1 адад нақб бо дарозии 1,8 км, 15 адад пули мошингузар, 5 адад долонҳои зиддитармавӣ идома дорад.
Мумфарш намудани роҳ то маркази ноҳияи Ванҷ дар масофаи 18 км ба итмом расида, азнавсозии роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Язгулом идома дорад. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҳамкории Идораи хоҷагии роҳи вилоят дар мавзеъи Руботи ҷамоати деҳоти Сежди ноҳияи Роштқалъа купрук сохта шуд, ки барои кӯҳтоҳ гардидани роҳ ба деҳаи дурдасти Ҷавшангоз дар масофаи 10 км мусоидат намуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми давраи ҳисоботӣ 1 мрд 131,2 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-43,3 млн сомонӣ зиёд гардида, афзоиш 104 фоизро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар майдони 269 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд, ки 86,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби муовини раиси ВМКБ ҳамзамон соҳаҳои иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор гирифта гуфта шуд, ки дар вилоят ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет барои соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2025-ум 521 млн 095 ҳазор сомониро ташкил дода, ки нисбат ба буҷети соли 2024-ум беш аз 130 млн 998 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 83,6 фоизи хароҷоти буҷети умумии вилоятро ташкил медиҳад.
Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ пас аз анҷоми ҳисоботи муфассали муовини раиси вилоят дар алоҳидагӣ аз роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти вилоятро пурсиш ба амал овард.
Зимни суханронии раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худбердӣ қайд кард, ки дар соли гузашта чорабиниҳои зиёди сиёсию фарҳангӣ, илмӣ ва варзишӣ дар вилоят доир гаштанд, ки нисфи онҳо мақоми ҷумҳуриявӣ доштанд. Чорабинии аз ҳама муҳим, ки дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва фарҳангию маърифатӣ доир гардид, ин ташрифи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобида мешавад.
Аз ҷониби роҳбари давлат ва дар доираи ташрифи мубораку хотирмони Ҷаноби Олӣ 140 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз онҳо 40 -то корхонаҳои саноатӣ ва 30 -то муассисаи таълимӣ мебошанд. Ҷойиз ба зикр аст, ки бо мақсади иҷрои дастурҳои мушфиқонаи Пешвои бунёдкори миллат, соли 2025 31 муассисаи томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин дастоварди беназир аст.
Дастовардҳои мо дар самти татбиқи ҳадафи стратегии давлатӣ таъмини амнияти озуқаворӣ, алалхусус, дар соҳаи кишоварзӣ низ назаррас мебошанд. Густариши майдони кишту гармхонаҳо, боғот, афзоиши теъдоди оилаҳои занбӯри асал, чорво ва парранда ба он мусоидат намуд, ки дар фасли зимистону баҳор низ бозори истеъмолӣ бо сабзавоту кабудӣ, мева, асалу шир ва гӯшт таъмин бошад,-гуфт раиси вилоят.
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба нуқтаҳои асосии Паёми соли 2025-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорон маълумот манзур намуд. Гуфта шуд, ки дар Паёми ироагардидаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти даҳ соли самтҳои асосии рушди иқтисоди кишвар таҳлил гардида, вазифаҳои нав барои фаъолияти минбаъда муайяну мушаххас гардиданд. Бо зина ба зина амалӣ гардидани чор ҳадафи стартегии Ҳукумати мамлакат дар кишвар сатҳи зиндагии сокинон куллан ба таври мусбӣ тағйир ёфт.
Дар ВМКБ бо таъмин гардидани суботи сиёсӣ ва солим гардидани вазъи тартиботи ҷамъиятӣ соҳаи соҳибкорӣ рӯ ба рушд оварда, сармоягузорӣ ба ин минтақа афзоиш ёфт. Дар баробари ин соҳаҳои иҷтимоии минтақа низ рушд намуда, пешгуии стратегии роҳбари давлат дар мавриди “Бадахшон-даврвозаи тиллоии Тоҷикистон хоҳад шуд” амалӣ гардида истодааст,-гуфт котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод.
Дар фарҷоми кори ҷаласа аз аҳли толор даъват ба амал оварда шуд, ки дар иҷрои вазифаҳои худ содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ҷашни муқаддаси миллӣ-35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоянд.




