Ба оилаи Наврӯзбеков Зиреҳбон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаи ду ҳуҷрадор дар шаҳри Хоруғ тақдим гардид
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи хизматчии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович, ки санаи 24 декабри соли 2025 зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии амалӣ террористӣ ҷони худро аз даст дода буд, калиди хонаи истиқоматии ду ҳуҷрадор дар шаҳри Хоруғ тақдим карда шуд.
Зимни тақдими кадиди хона раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷик ҳеҷгоҳ қаҳрамонӣ ва ҷонсупории чунин фарзандони қаҳрамонро фаромӯш нахоҳад кард.
Дар доираи имкониятҳои мавҷуда Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ кӯшиш менамоянд, ки оилаҳои фарзандони қаҳрамони ҷонфидоро дастгирӣ намояд.
Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович зодаи ВМКБ ва ва Қурбонов Исматулло Ғуломович зодаи вилояти Хатлон 23-юми декабри соли 2025 дар мавзеи Қовоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қаҳрамони нишон дода бар ивази ҷони ҷавонашон Ватанро аз ҳамлаи душманон наҷот доданд.
Номи неку ҷонфидоии ин фарзонафарзандон ҳамеша дар дили мардуми тоҷик боқӣ хоҳад монд.
Падару модари Наврӯзбеков Зиреҳбон барои чунин ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки фарзанди мо барои миллат ҷони худро аз даст дод ва барои кулли хурду бузурги тоҷикистониён имрӯз қаҳрамони ҳақиқӣ мебошад




