Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Паёми табрикотии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Соли нави 2026 ба сарзамини биҳиштосои мо қадам мегузорад.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҳамдиёрони гиромӣ ва кулли мардуми сарбаланди тоҷикро, самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо тандурустиву саодатмандӣ, бахту иқболи нек, ба хонадонатон рўзгори хушу осуда, файзу баракат ва барори кор орзу менамоям.

Соли сипаригардида, ки баъди чанд лаҳзае мову Шумо бо он хайрбод мегўем, бо беҳтарин рўйдодҳои муҳиму фараҳбахши хеш дар китоби таърихи мардуми саодатёри Бадахшон саҳифаҳои навини пурҷиллоеро чун нақш бар санг барои ояндагон ба мерос гузошт.

Шоҳкориҳои азими навбатии созандагиву бунёдкорие, ки дар давоми сол миллати тоҷик, минҷумла минтақаи биҳиштосою афсонавии Кўҳистони Бадахшон ба он шарафёб гардид, маҳз бо шарофату баракати ваҳдати устувору комил ва сулҳу якдигарфаҳмии мардуми сарбаланди он арзёбӣ мегарданд.

Бахусус, таҷлили имсолаи пуршукўҳи 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар ин замина мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо иншооти хурду бузурги аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят далели равшан аз боз ҳам қавъитар гардидани сулҳи пойдору ҳамдилии тамоми мардуми Тоҷикистони азиз гувоҳӣ медиҳад.

Шоистаи қайд аст, ки дар ин сафари таърихии Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшонзамин боз барои бунёди иншооти дигар санги асос гузошта шуд.

Дар соли куҳан, мо ҳамчунин, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар қалби мардум эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватандорӣ, рўҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва хушбинӣ ба ояндаи нек густариши бесобиқа пайдо кард. Азму талоши ободкории диёр боз ҳам вусъат ёфт, ки ин ҳама бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои истиқлолият ва амалӣ гардидани ормонҳои деринаи мардуми Бадахшон мусоидат намуд.

Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди вилоят дар Соли Нав низ бо саъю талоши дучанд заҳмат кашида, ҷашни муқаддаси миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем.

Дар баробари ин, вазифаи аввалиндараҷаи мо дар Соли нав, пеш аз ҳама, идома бахшидан ба раванди таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол, вусъат додани корҳои бунёдкориву созандагӣ, ҳамчунин тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои неки умумибашарӣ мебошад.
Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки фарзандонамон ҳамчун насли бомаърифату соҳибфарҳанг, бонангу номус, ҷўяндаву эҷодкор ба камол расанд.

Мутмаинам, ки Соли нави 2026 барои тамоми мардуми сарбаланди Бадахшон соли таҳкими дастовардҳо, рушди минбаъдаи давлату давлатдорӣ ва соли пурфайзу бобарор дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа мегардад.

Бо итминон изҳор медорам, ки мардуми солору таҳаммулгари мо минбаъд низ шукронаи Ватани озоду обод, давлати соҳибихтиёру рў ба фардои дурахшони худ намуда, барои боз ҳам зебо шудани сарзамини аҷдодӣ кору фаъолият намуда, бо дарназардошти шароити ҳассоси ҷаҳони муосир ифтихори ватандориву ватанпарастӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими бештар мебахшанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар, ҳар яки Шумо – ҳамдиёрони азиз ва дар шахсияти Шумо ҳамдиёрони бурунмарзиро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 табрик мегўям.

Бигузор, Соли нав барои Бадахшони биҳиштосо ва мардуми шарифу сарбаланди он соли бобарор, пурфайзу баракат ва соли амалӣ гардидани орзуву ҳадафҳои созанда ва ниятҳои неки ҳар яки мо гардад!

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!