ВМКБ. Маҳфили адибони вилоят таҳти унвони “Адибони Бадахшон бо Пешвои муаззами миллат мебошанд!” доир гардид
26 декабри соли равон дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ маҳфили адибони вилоят таҳти унвони “Адибони Бадахшон бо Пешвои муаззами миллат мебошанд!” баргузор шуд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар оғози чорабинӣ аз навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки дар баробари рушди ҳаёти моддӣ ба ташаккулу таҳкими ҳаёти маънавӣ низ таваҷҷуҳи бузург дода шуд, зеро бе равнақи илму маориф ва фарҳанг наметавон ҷамъиятро барои расидан ба мақсадҳои бунёдӣ раҳанамун сохт.
Ҳадафи асосии Давлату Ҳукумат аз як ҷониб агар таъмини ҳаёти сазовор барои ҳар як шаҳванд бошад, аз ҷониби дигар, эҳё, афзун ва ҳимоя намудани арзишу муқаддассоти таърихии миллӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ аз рисолати аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд.
Аз ин лиҳоз, Пешвои маърифатпарвару фарҳангдӯсти миллат дар Паём, бори дигар, ироа доштанд, ки соҳаи илму маориф аз рӯзҳои нахустини давлатдории навини тоҷикон, дар мадди аввали сиёсати давлат қарор дошт ва то имрӯз ҳамин афзалиятро бархурдор мебошад. Дар ин замина Ҷаноби Олӣ таъкид сохтанд, ки “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.”
Аз ин рӯ, дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ, новобаста аз мушкилоти муайян, Давлату Ҳукумати мамлакат барои илму маориф маблағҳои бузург ҷудо намуда, таҳкурсии онҳоро хеле мустаҳкам намуд. Дар натиҷа, муассисаҳои зиёд таъсис ёфта, ин соҳаҳо зина ба зина ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ шуда, сол ба сол комёбиҳои Тоҷикистон дар ин ҷода ҳам дар дохил ва дар хориҷ назаррас гардида истодаанд.
Таъкид шуд, ки ба тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ равона мешавад ва дар ин бобат, дар радифи оилаву мактаб, низоми маориф, ҳамчунин, дар маҷмуъ, саҳми аҳли зиё бориз дониста мешавад. Аз он ҷумла, адибон, ки дар фарҳанги миллии мо аз аҳди бостон, ба қавле, гули сари сабади аҳли пешгоми ҷамъият маҳсуб меёбанд, дар ин масири басо муҳим, нақши барҷаста доранд.
Як назар ба таърихи педагогикаи миллӣ ва умуман илму адабиёти тоҷик кифоя аст, ки мо саҳми аҳли адабро дар раванди илмомӯзӣ, кашшофӣ ва таълиму тарбия бориз арзёбӣ намоем. Мутафаккирони забардасти тоҷик аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳо Рӯдакӣ то Синову Хайёму Ҷомию Бедилу Ҳилолӣ, Донишу устод Айнӣ ва даҳҳо нобиғаи дигар андешаҳои илмии хешро дар қабои зебои шеър ороста, ҳатто ҳисобҳои ҳандасию риёзиро бо гавҳарҳои санъати шеърӣ пероста мекарданд. Чунин қобилияти зеҳнию эҷодӣ ба кам андар кам намояндагони фарҳангу илм даст додааст. Дар қатори ин, дар низоми таълиму тарбияи миллӣ ҳамеша эҷоди адибон ҷузъи таркибии он ба шумор рафта, ҷанбаи тарбиявию ахлоқии ин раванд дар асоси беҳтарин намунаҳои адибони тоҷик ба роҳ монда мешуд.
Ин намуна, ҳатто дар аҳди шӯравӣ, ки дар солҳои аввали мавҷудияти худ, қариб ҳамаи дастовардҳои адабии бостониро ба низоми нав бегона эълом намуда буд, аз ҷониби маорифпарварони миллӣ, таҳти роҳнамоии Устод Садриддин Айнӣ, идома ёфт.
Намояндагони алоҳидаи адабиёти миллии мо чи дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва чи дар солҳои 60-уму 80-уми асри гузашта, дар ташаккули тафаккури миллӣ, эҳёи фарҳанги бостон, ҳимояи арзишҳои миллӣ, махсусан, забони тоҷикӣ, новобаста аз фишорҳои сахти механизми идеологияи низоми сиёсии давр, хизматҳои сазовор намуданд.
-Аммо, -гуфт Раиси вилоят, – танҳо замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва сиёсати миллатдӯстонаву ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои фарҳангпарвари миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконияти комил фароҳам овард, ки дар қатори дигар паҳлуҳои ҳаёти маънавӣ, адабиёти тоҷик пурра дар хизмати миллат вогузор карда шавад.
Барои мисол, дар Паёми имсола тазаккур дода шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон танҳо дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат туҳфа гардиданд.
Хотиррасон шуд, ки 31 сол муқаддам, дар асоси сиёсати фарҳангпарваронаю маърифатдӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис ёфт. Зимнан, таъкид рафт, ки дар қаламрави Бадахшонзамин аз қадимулайём шоирони соҳибдевон эҷод менамуданд ва намунаи осорашон дар тазкираҳои зиёд нашр гардидаанд. Бештари эҷодкорон бо сабаби мавҷуд набудани шароити мусоид, тарки ватан намуда, шомили доираҳои илмию адабии ҳавзаҳои дигар мешуданд.
Бо фароҳам омадани шароити нисбатан мусоиду созгори ҳаётию меҳнатӣ ва эҷодӣ дар аҳди Шӯравӣ аз байни зодагони ВМКБ суханварони забардасте ба воя расиданд, ки эҷоди бештари онҳо ба ганҷинаи тиллоии адабиёти миллӣ ворид шудааст.
Устодони зиндаёд Мирсаид Миршаккар, Муъмин Қаноат, Басир Расо, Ширин Бунёд ва даҳҳо тани дигар дар эҷоди бебаҳои худ мавзуъҳои гуногун, аз он ҷумла, меҳру муҳаббати инсонӣ, муҳаббату эҳтиром ба ватану арзишҳои волои миллӣ, волидайн, тарғиби принсипҳои одамдӯстӣ, заҳматписандӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаёти инсонию ҷамъиятиро тараннуму васф намуда, бо ин васила дар пешбурди ҷомеа саҳми бориз гузоштанд.
Ҷоиз ба тазаккур аст, ки насли имрӯзаи адибони Бадахшонзамин маҳз дар пояи мустаҳкаму муҳташами адабиёти классикию муосири тоҷик, бо шиносоии ҳамаҷониба бо осори адабии пешқадами миллатҳои дигар, ба фаъолияти босамари эҷодӣ машғул буда, аз умқи баҳри тафаккури адабию табъи равон ва илҳоми бекаронашон дурдонаҳои пурҷилло ба даст меоянд.
Дар радифи асарҳои назмӣ, имрӯз эҷодкорони мо ба навиштани роману повест, новеллаву ҳикоя ва дигар жанрҳои пурмазмуни насрӣ машғул ҳастанд ва дар ин масир, ба қавле, доди суханро дода истодаанд.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, вақту замони он фаро расидааст, ки баҳри боло бурдани маърифати мардум саъю кӯшиши бештар ба роҳ монда шавад. Алалхусус, дар масири бедор намудани хотираи таърихӣ, ки нақши он дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, бисёр муҳим арзёбӣ мешавад, гомҳои устувор бояд ниҳод.
-Итминони комил дорам, ки аҳли адаби вилоят дар ин ҷода ва умуман дар шоҳроҳи созандагию бунёдкорӣ, минҷумла, рушду равнақи ҳаёти маънавию ахлоқии ҷамъият, бо хомаю каломи пурэъҷози хеш саҳми муносиб гузошта, бо асарҳои нав ба нави эҷодияшон на танҳо табъи мухлисону дӯстдорони адабиётро шод, балки баҳри баланд бардоштани завқи эстетикию бадеӣ ва тавсеаю таҳкими шуури илмию ҷаҳонбинии дунявии мардум нақши бориз хоҳанд гузошт, -афзуд раиси вилоят.
Дар идомаи маҳфил ба иддае аз шоирону адибони вилоят Ифтихорномаи раиси вилоят тақдим гардид. Ҳамчунин дар ҷараёни маҳфил шоирону адибон, ба монанди Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Хушомади Алидод, Пайшанби Шозода, Мамадалӣ Бахтиёр, Лутфишоҳи Қиматшоҳ, Бурибеки Худобахш, Саодати Саидназар, Ҷонибеки Қозибек ва Туйчи Майрамбеков бо каломи бадеи худ хотири маҳфилнишинонро шод гардонданд.
Ҳамзамон, аҳли фарҳанги вилоят бо сурд ва таронаҳои рақси хотири ҳозиринро шод гардонданд.




