Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Табрикоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ифтихори Рузи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

Муҳтарам кормандон ва собиқадорони мақомоти амнияти миллӣ!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо эҳтироми самимӣ тамоми кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ муборакбод мегӯяд.

Бароятон тансиҳатӣ, саодати умр, рӯзгори ободу осуда, дар фаъолияти босамару пурмасъулиятатон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузориатон дар эъмори давлати соҳибистиқлол комёбиҳои тоза ба тоза таманно менамояд.

Кормандони амният дар таъмини якпорчагии кишвар, пойдории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи марзу буми диёри азизамон диловарии бемисл нишон дода, борҳо собит намудаанд, ки хизмат ба халқу кишвари азиз, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ вазифаи асосӣ ва қарзи муқаддастарин мебошад.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки кормандони ин мақомот вазифаҳои аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти давлат, пешгирии амалҳои террористӣ, таҳрибкорӣ ва дигар сӯиқасдҳои ҷинояткоронаи махсусан хавфнок, мубориза алайҳи ҷиноятҳои терроризму экстремизм ва муташаккили байналмиллалӣ гузошта шударо сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

Ҷоннисориву талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот дар ин ҷодаи пуршараф аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад. Ба ин маънӣ Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии Шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипосгузор аст ва ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад».
Итминони комил дорам, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи Шумо, кормандони амният, рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар ба роҳбарият, кормандон ва собиқадорони мақомоти амнияти миллӣ тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, пирӯзиҳои рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд комёбиҳо орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Бо эҳтиром,
Раиси Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот