Маросими қадрдонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон -Ватани азиз ман” ва мусобиқаҳои варзишӣ.
Дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ маросими қадрдонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон -Ватани азиз ман” ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят ва меҳмонон аз дастовардҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш дидан карда, ҷиҳати ноил гардидан ба чунин дастовардҳои арзанда дар солҳои охир арзу сипос баён дошта, баҳри боз ҳам рушд намудани соҳаҳо масъулинро муваззаф намуданд.
Сипас, чорабинии тантанавӣ дар толори театри вилоятӣ бо хондани суруди миллӣ оғоз гардид.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни баромад иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, таҳти сиёсати хирадмандона, маърифатпарварона ва ҷавондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар радифи дигар соҳаҳо, дар соҳаи иҷтимоӣ, минҷумла, маориф, фарҳанг ва варзиш муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфта, тавассути стратегия ва барномаҳои давлатӣ ба амал бароварда мешаванд.
Зикр гардид, ки сиёсати маориф ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ, ки пешрафти дилхоҳ ҷамъиятро муайян менамояд, дар ин масир мақоми сазоворро касб намуд.
Гуфта шуд, ки маҳз таҳти роҳбарию роҳнамоии Роҳбари давлат, дар қатори дигар комёбиҳои муҳими таърихии дар соҳаи илму маориф бадастомада, имконият фароҳам омад, ки озмунҳои ҷумҳурияивии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, инчунин мусобиқаю озмунҳои зеҳнию маърифатӣ ва фарҳангию варзишӣ доир карда шаванд.
Вобаста ба соҳаи ҷавонон ва варзиш раиси вилоят зикр дошт, ки ҳанӯз аз оғози солҳои аввали истиқлолият ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар меҳвари сиёсат ва диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин замина барои дастгирии ин қишри ҷомеа тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешида шуданд. Ҳамзамон раиси вилоят аз дастовардҳои соҳаи варзиш дар соли 2025 ёдоварӣ карда, таъкид дошт, ки минбаъд низ баҳри рушд додани ин соҳаҳи ниҳоят муҳим чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки имрӯзҳо варзишгарон мо дар қатори дигар номбардорони ба нангу номуси кишвар дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд бардоштани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар дар тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон, аз ҷумла ВМКБ иншооти варзишӣ бо сатҳу сифати балан сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Бори аввал дар таърихи варзиши вилоят лигаи 2-юми Футбол бо ҷалби дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Лигаи футзал бо иштироки идораҳои вилоятию шаҳру ноҳияҳо ташкил ва баргузор карда шуд. Боиси ифтихор ва қайд аст, ки бори аввал лигаи дуюми футболи вилоят ҷиҳати баромадан ба Лигаи якуми ҷумҳурӣ бо дигар дастаҳои номдори кишвар қуввасанҷӣ намуд.
Варзишгарони вилоят бошанд, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори 285 медал, аз ҷумла 78 медали тилло, 89 медали нуқра ва 118 медали биринҷӣ гардиданд.
Ғолибони озмунҳо, варзишгарон, мураббиён ва раисони федератсияияҳо аз ҷониби раиси вилоят қадр карда шуданд.
Ҳамзамон Шакармамад Мирмамадов варзишгари сол дар вилоят эътироф гардида бо маблағи 10000 сомонӣ қадр карда шуд.




