Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Маросими ҷоизасупории ҷамъбасти соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар соли 2025

Субҳи имрӯз бо иштироки риси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар театри мусиқиб мазҳакавӣ ба номи М. Назарови Шаҳори Хоруғ маросими ҳавасмандгардонии саноатчиён, ҳунармандон, сайёҳон ва замбуриасалпарварон аз руйи номитансияҳои гуногун баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур саноатчиёну ҳунармандон ва сайёҳону замбуриасалпрварон бо дастовардҳои худ иштирок намуда, нахуст раиси вилоят аз намоишгоҳи чорабини дидан карда, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар соли 2025 ба масъулини соҳаҳои зикргардида изҳори сипос баён намуданд.

Сипас дар толори театр раиси вилоят баромад намуда, зикр дошт дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон бо ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватаниву воридотивазкунанда ва гузариш ба самти рушди устувор тавассути саноатикунонии босуръат аҳамияти хоса дорад.
Роҳбари давлат ба рушди соҳаи саноат ва бунёди корхонаҳои хурду бузург диққати аввалиндараҷа равона намуда, саҳми соҳибкорону шахсони саховатмандро дар ин ҷода қаноатбахш меҳисобанд.

Аз ҷумла давоми соли 2025 дар ҳудуди ҶТ зиёда аз 400 корхонаи саноатӣ бунёд ёфта, ин иқдом дар оянда низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад. То ҷашни бузурги миллӣ 35-умин солгарди истиқлоли давлатии ҶТ дар мамлакат бунёди боз даҳҳо корхона бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбии рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бомаротиб зиёд шуда истодааст.
Давоми солҳои 2022 – 2024 ва 11-моҳи соли 2025 дар ҳудуди вилоят, дар маҷмӯъ, 146 корхона ва коргоҳ мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ин шумора танҳо дар 11 моҳи соли 2025-ум 52 корхона сохта ба истифода дода шуданд, ки ин раванд дар самти саноатикунонии босуръати вилоят бесобиқа мебошад.

Гуфта шуд, ки соҳаи сайёҳӣ низ дар ҷумҳурӣ соҳаи афзалиятнок ва сердаромад буда, рушди он таҳти таваҷҷуҳи махсуси давлату ҳукумат қарор дорад. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ 41, 643 нафар сайёҳ ба вилоят ворид гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 23 ҳазор сайёҳ зиёд мебошад. Аз ин теъдод 19, 954 нафарро ҷаҳонгардони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Айни замон дар ҳудуди вилоят барои қабул ва хизматрасонии сайёҳони дохиливу хориҷӣ 48 меҳмонхона ва 61 меҳмонхонаи хурд (ҳомстей), 32 ширкати сайёҳӣ, 8 осоишгоҳ ва 12 осорхона фаъолият менамоянд.

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бобати амалисозии он ҳамасола чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд, иброз дошт раиси вилоят.
Дар доираи баромаҳои давлатию соҳавӣ, барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ки асоси таъмини амнияти ғизоӣ ба ҳисоб меравад, як қатор тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.
Бо дастгирии ҲҶТ ҳамасола заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, садҳо гектар боғҳои мевадиҳанда бунёд ва коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ба кор андохта мешаванд.
Зимнан, таъкид бояд кард, ки дар баробари дигар бахшҳои муҳими кишоварзӣ, ба тавсеаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ таваҷҷуҳи махсус равона мегардад. Дар асоси маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 11 моҳи соли равон дар вилоят 10737 оила дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ парвариш ёфта, дар ин давра 96 тонна асал истеҳсол шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 33 тонна зиёд мебошад.
Теъдоди оилаҳои занбӯриасалпарварӣ бошад, соли равон ба миқдори 2,5 ҳазор оила зиёд шуд.

Дар бораи рушди ҳунарҳои мардумӣ Сарвари давлат борҳо таъкид доштаанд ва дар Паёми имсола низ баҳри рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дастуру супоришҳои мушаххасро ироа намуданд.

Айни замон дар вилоят 359 нафар ҳунарманд фаъолият намуда, дар чорабиниҳо ва намоишҳо маҳсулоташонро ба маърази тамошо мегузоранд.
Ба хотири эҳё, рушд ва ташвиқу тарғиби фарҳанги ҳунару фарҳанги ғановатманди тоҷикони кӯҳистон Ассотсиатсияи ҳунармандони вилоят таъсис ёфт, ки дар заминаи фаъолияти он, теъдоди зиёди ҳунарҳои мардумӣ, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шуда буданд, аз нав эҳё гардиданд.

Дар охир ба беҳтаринҳо аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин корхонаи дузандагӣ”, беҳтарин корхонаи коркарди санг, беҳтарин истеҳсолкунандаи қаннодӣ, беҳтарин корхонаи дорусозӣ ва гиёҳҳҳои шифобахш, беҳтарин корхонаи коркард ва банду басти мева, беҳтарин корхонаи истеҳсоли дару тиреза, дар соҳаи ҳунармандӣ аз рӯи номинатсияҳои бофандагӣ, армуғонсозӣ, муҳракашӣ, сабадбофӣ, асбобҳои мусиқӣ, расоми кундалсозӣ, дар соҳаи сайёҳӣ аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин ширкати сайёҳӣ, беҳтарин роҳбалади сайёҳӣ ва беҳтарин меҳмонхонаи хурд дар деҳот ва дар соҳаи замбуриасалпарварӣ аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин замбуриаслпарвар ва беҳтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти замбуриасал ва таҷҳизот ҷойҳои сеюм бо диплом ва маблағи 1000 сомонӣ, ҷойи дуюм бо диплом ва маблағи 1500 сомонӣ, ҷойи якум бо диплом, ва телевизори қадр карда шуданд. Ҳамзамон аз рӯи 4 соҳа 4 нафар бо шоҳҷоиза ва маблағи 5000 сомонӣ сарфарз гардонида шуданд.
Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоят ба чорабини ҳусни дигар бахшид.