Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Машварати васеи назди раиси ВМКБ баргузор гардид

Дар машварати васе, ки имрӯз бо роҳбарии раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид, Рафти иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 27 октябри соли 2021, №348 оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентиябр соли 2021, №358 “Дар бораи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025” ва Рафти иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 18 майи соли 2021, №137 оид ба рафти иҷрои қарори ҲҶТ аз 3 апрели соли 2021, №114 “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” баррасӣ гардиданд.

Аз рўи масъалаи якум муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо ва рўи масъалаи дуюм сардори Раёсати маорифи вилоят Мирзоқанд Аминҷон баромад намуданд.

Дар охири машварт Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъалаҳоро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.