Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

МУСОБИҚАИ ЛИГАИ ВОЛЕЙБОЛИ БАДАХШОН БАЙНИ МАРДОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Имрӯз, 26 декабр, бозии даври ниҳоии мусобиқаи Лигаи волейболи Бадахшон байни дастаҳои “Бадахшон” – и шаҳри Хоруғ ва “Шуғнон”- и ноҳияи Шуғнон доир мегардад.

Хотирнишон бояд кард, бори аввал Лигаи волейболи Бадахшон бо иқдоми варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВМКБ таъсис ёфта, дар заминаи он зиёда аз дувоздаҳ дастаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҳам рақобат карданд.

Рақобатҳо аз моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, дар арафаи Соли нави мелодӣ ҷамъбаст гардиданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур, ки дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ баргузор гардид, дастаи “Бадахшон” – и шаҳри Хоруғ бар тими “Шуғнон”- и ноҳияи Шуғнон бо ҳисоби умумии 3:1 дастболо шуд.

Бояд қайд кард, ки сарпарасти мусобиқа Ширкати мобилии “МегаФон” буда, саҳми он дар баргузории сабқатҳои варзишӣ аз намуди волейбол дар вилоят хеле зиёд аст.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамзамон, Раиси Федератсияи волейболи вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни ҷамъбасти мусобиқа таъкид бар он кард, ки маҳз дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи мусоид барои рушди варзиши вилоят фароҳам гардида, соли равон чорабиниҳои гуногуни варзишӣ баргузор шуданд. Дар ин росто, лигаҳои волейболу футбол таъсис ёфта, дастовардҳои варзишӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ низ ба маротиб афзуданд.

Дар зимн раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба Роҳбарияти Олии кишвар ҷиҳати дастгириҳои пайваста ва ҳамарӯзаи соҳаи варзиши вилоят изҳори сипос намуданд. Ҳамзамон, ба Ширкати мобилии “МегаФон” низ барои сарпарастии волейбол дар вилоят ва мусоидат дар баргузории мусобиқаҳои варзишӣ миннатдорӣ баён карда шуд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ барои беҳтарин садгузор, ҳамлагар, либерал, ҳимоятгар, бозингари диоганалӣ, муваффақтарин бозингар ва беҳтарин бозингари мусобиқа ифтихорномаҳои раиси вилоят супорида шуданд.

Сипас, барои дастаҳои “Шуғнон”-и ноҳияи Шуғнон ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев медал, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.