Натиҷагирӣ ва омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ
Ҷаласаи назди раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки дар он муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, сардорони идораву муассисаҳои дахлдор ва намояндагони шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд, масъалаи ҷамбасти озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ, китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа дар онҳо аз ВМКБ, ҳамчунин иштироки хонандагони муассисаҳои ҳудуди вилоят дар олимпиядаҳои фаннӣ ва байналмиалӣ натиҷагирӣ гардид.
Сардори Раёсати маорифи вилоят дар рафти ҷаласа аз рӯи масъалаи иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ ибрози андеша намуда, қайд доштанд, ки соҳаи маориф дар сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи калиди дорад. Маҳз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи маориф аст, ки дар тамоми гушаву канори Тоҷикистони азиз сохтмони муасисаҳои наву замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароити замони муосир бо маром идома дошта, мавқеи ин соҳаи дар рушду пешрафти давллат мақоми аввалиндараҷаро касб намудааст. Сардори раёсати маориф дар баромади худ аз дастовардҳои ин соҳаи ниҳоят муҳим ёдоварӣ намуданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни таҳлили масъала иброз доштанд, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии мамлакат нақши басо муҳим дошта , барои рушду пешрафти он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат , бахусус Пешвои муаззами миллат муҳттарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Гарчанде дар давоми баргузории озмуну олимпиаддаҳои ҷумҳуриявӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд, аммо то кунун бархе аз мушкилот низ дар ин самт вуҷуд доранд. Барои аз миён бардоштани мушкилиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дастурҳои махсус дода шуд.
Директори Институти илмҳои гумканитарӣ ба номи академик Б. Искандаров ҳамчун ҳакамони сатҳи ҷумҳуриявӣ низ аз руйи масъалаи иштироки қишрҳои ҷомеа дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ибрози андеша намуда, қайд дошт, ки ба хотири нигаҳдошти фарҳанги бойи маъанвии тоҷик ба арсаи ҷаҳонӣ роҳбарияти Олии кишвар пайваста аз имокниятҳои нав мақсаднок истифода намуда ба хотири муаррифии истеъдодҳои нав озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил гардидааст ки ҳамасола чеҳраҳои нави суханвару сухандонро руи саҳна намоён менамояд.
Аз доираи аҳли нишаст низ пешниҳодҳо дар робита ба омода намудани довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бо такя ба пешниҳодҳои нав ба миён гузошта шуданд.
Раиси ВМКБ дар ин самт кормандони раёсати маорифи вилоят, мудирони шуъбаҳо, маркази дарёфт ва рушди истедодҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳайати устодон ва профессорони ДДХ ба номи академик Моёншо Назаршоевро ҷиҳати омода намудани довталабон дар сатҳи лозимӣ барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии барои соли 2026 муваззаф намуданд.
Сардори Раёсати фарҳанги вилоят аз натиҷаи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” ахборотро пешниҳод намуда, қайд намуд, ки дар соли 2025 70 нафар довталаб ба даври ниҳоӣ аз вилоят роҳхат пайдо намуданд, ки дар даври ниҳоии озмун панҷ нафарашон соҳиби ҷойҳои намоён гардида, 5 нафари дигар мақоми ифтихориро касб намудаанд. Дар давраи шаш соли баргузории озмун бошад, дар умум 36 нафар мақоми ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиаанд. Раиси ВМКБ зимни таҳлили ин масъала низ кормандони соҳаи фарҳангро барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта муваззаф намуд.




