Вохурии раисии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо аҳли фарҳанг ва адибон
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрии раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо кормандони соҳаи фарҳанг ва адибони Бадахшон баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси вилоят Авзалшо Муслима Аскаршо оид ба фаъолияти солонаи соҳаи фарҳанг ахборот дода, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг солҳои охир рушд намуда аҳли ҳунари вилоят ба дастовардҳои зиёде ноил гардиданд.
Соли 2025 дар баробари ҳамаи соҳаҳо барои соҳаи фарҳанг низ соли бобарор буд. Гуфта шуд, ки соли 2025 дар вилоят зиёда аз ҳазор чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуданд. Зикр гардид, ки дар баробари пешравиҳо дар ин соҳа ҳанӯз камбудиҳо низ ҷой доранд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ соҳаи фарҳангро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таҳия намудани филмҳои тарбияви ахлоқӣ, ҳамкорӣ миёни шоирон, оҳангсозон ва ҳунармандон дастурҳои мушаххас доданд.
Бархе аз иштирокдорон низ баҳри бартараф намудани мушкилиҳо ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.




