Натиҷагирӣ аз фаъолияти раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва федератсияи волейбол
Дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияи волейболи вилоят баррасӣ гардидид.
Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Амирҷонзода Солеҳҷон вобаста ба фаъолияти соҳаи ҷавонон ва варзиш баромад намуда, иброз дошт, ки дар заминаи таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш шароиту имкониятҳои васеъ барои ҷавонону варзишгарон фароҳам оварда шуд. Танҳо дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 23 адад майдончаи варзишӣ ва ду толори варзишӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин дар муқоиса бо соли 2024, 8 адад зиёдтар мебошад. Маҳз чунин дастгириҳо ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат аст, ки имрӯз ҷавонон ва варзишгарон баҳри баланд бардоштани Парчами давлатӣ пайваста кӯшиш менамоянд.
Дар соли 2025 бо дастгирии бевоситаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ фаъолияти федератсияҳои варзишӣ ҷоннок гардида, роҳбарони федератсияҳои варзишӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони барӯманд интихоб карда шуданд.
Волейбол яке аз намудҳои варзиши маъмул дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб рафта, дӯстдорони зиёде дорад.
Дар соли 2025 бо ташаббуси Раиси федератсияи волейболи вилоят, раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ баҳри беҳтар гардидани фаъолияти федератсияи волейбол 3 маротиба ҷаласаҳои назоратӣ бо ҷалби масъулини соҳа ташкил ва баргузор карда шуда, нақшаҳои мукаммали корӣ таҳия ва тасдиқ гардида баҳри иҷрои босифату саривақтии онҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар соли 2025 волейболбозони вилоят дар 2 чеммпионат ва 11 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори 13 медал аз ҷумла 5 тилло, 6 нуқра ва 2 биринҷӣ гардиданд, ки дар муқоиса бо соли 2024, 3 медал зиёдтар мебошад.
Моҳи марти соли 2025 бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни байналмилаллии Наврӯз мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба волейбол байни мардон доир гардида дар он дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок ва байни ҳам қуваозмоӣ намуданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва инчунин федератсияи волейболро қаноатманд арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки маҳз дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо ба чунин натиҷаҳо ноил гардидем. Соли 2025 дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи варзиш низ рушд намуда, чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баргузор гардиданд. Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок дошта дар умум 341 медал ба даст оварданд.
Ҷиҳати боз ҳам дуруст ба роҳ мондани федератсияи волейбол раиси вилоят масъулинро муваззаф намуда, таъкид дошт, ки нақша чорабинии мукамал таҳия ва тасдиқ карда шавад. Вобаста ба таъсис додани дастаҳо аз ҳисоби ҷавондухтарон раиси вилоят ба масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо дастурҳои ҷиддӣ дода, гуфта шуд, ки бахшида ба Рӯзи модар мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол байни бонувон баргузор мегардад.
Ҳамзамон раиси вилоят ба дастаи якачини волейболбозон аз ҳисоби бонувон, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зиёда аз 14 маротиба ғолибият ба даст оварданд, изҳори сипос намуда, ҷиҳати таъсис додани дастаи хурдсолон тавсияҳои судманд доданд. Дар охири ҷаласа раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ширкати мобилии “МегаФон Тоҷикистон” ҷиҳати дастгириҳо ва рушди волейбол дар вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, аз масъулин ҷиҳати иҷрои супоришҳо ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои дарпешистода даъват ба амал овард.




