Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Ҷаласаи Комиссияи ҷамъияти оид ба пешгирии коррупсия

Дар Ҷаласаи Комиссияи ҷамъияти оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо баргузор гардид, муовинони раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ ва роҳбарони идораву муассисаҳои дахлдор иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаи гузаронидани санҷишу таҳлили таъмини иҷрои “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақша чорабиниҳои амалисозии он барои марҳили якум (солҳои 2021-2025) дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ баррасӣ гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи раиси вилоят Шодмонбекзода Саида ахборот дод.