Баррасии барномаҳо ва таъиноти кадрӣ
Ҷаласаи назди раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки дар он муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, сардорони идораву муассисаҳо, раиси шаҳри Хоруғ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят иштирок доштанд, Рафти иҷрои қарори раиси вилоят аз 27 ноябри соли 2024, №370 оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2024, № 426 “Дар бораи Нақшаи амал оид ба рушди соҳибкории ҷавонон ва сармояи венчурӣ барои солҳои 2024-2026” ва Рафти иҷрои қарори раиси вилоят аз 24 июни соли 2021, №189 дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №167 “Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” баррасӣ гардиданд.
Аз рӯи масъалаҳо сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатӣ Алимшо Ҳабиб ва сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят Мирзозода Зарина баромад намуданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъалаҳор мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти корӣ дар ин самт дасутуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷаласа ҳамзамон, масъалаи таъиноти кадрӣ низ баррасӣ гардид.
Дар асоси фармоиши Вазири меҳнат , муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асламшозода Нилуфар Давлатназар ба мансаби сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят таъин гардиданд.




