Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Номаи табрикотии муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Халқи тоҷик таърих ва фарҳанги кӯҳан дошта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба оину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ гузошта, имрӯз, барои эҳёю ғановатманд гардондани онҳо ва густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш, саъю талош менамояд. Сада, аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад ва дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён, бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид.

Аз ин лиҳоз, бо камоли эҳтиром мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кулли хурду бузурги тоҷикистониёнро бо фарорасии ҷашни Сада табрику таҳният намуда, ба ҳар як хонадон файзу баракат, ваҳдату якдилӣ ва осмони софро таманно менамоям.

Боиси ифтихор ва сарафрозии миллати тоҷик аст, ки дар замони соҳибистиқлоли мамлакат бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷашнҳои Меҳргон ва Тиргон ҷашни Сада низ баъд аз ҳазорсолаҳо умри дубора ёфт.

Сада яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагон онро ҳамчун ситоиши пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯз дониста, бо шукӯҳу шаҳомоти хоса, афрӯхтани гулхан ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан, пешвоз мегирифтанд.

Дар яке аз баромадҳои худ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки “Ба шарофати истиқлоли кишвари маҳбубамон суннат ва анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Сада яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик – азҷумла ҳамин ойинҳои эҳёшуда аст, ки дар ҳамаи манотиқи кишвар аз он таҷлил мешавад”.

Моҳиятан Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳр, муҳаббат ва рӯ овардан ба рӯшанист.

Қайд кардан зарур аст, ки яке аз аркони Сада афрӯхтани гулханҳои хурду калон маҳсуб меёбад, ки дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамоянд. Оташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад. Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад. Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд.

Бори дигар мардуми сарбаланду заҳматкаши вилоятро, бахсус, кишоварзон ва деҳқононро ба ифтихори ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон тандурустӣ, бахту саодат ва файзу баракати рӯзгор орзу менамоям.