Маҷлиси КИ ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба ҷамъбасти фаъолияти он дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда дар соли 2026 бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Каримзода Мирзоқосим баргузор гардид. Дар ҷараёни он шаш масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Оид ба масъалаи ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ҳизб Раҷабзода Зунайда раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ ахборот манзур намуд. Гуфта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 гуруҳҳои корӣ таъсис ёфта, миёни аҳолӣ нуктаҳои Паёми роҳбари давлатро баррасӣ намуданд. Дар пешоруйи интихоботи соли 2025-ум 132 маротиба мулоқоти номзадон бо интихобкунандагон ташкил гардид, ҲХДТ дар интихоботи даъвати ҳафтуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 51,9 фоизи овозҳо соҳиби 12 курсии вакилӣ гардиданд.Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои идеологӣ аз руйи усули “Деҳа ба деҳа” ва “Мактаб ба мактаб” фаъолиятро ба роҳ монда, 442 маротиба мулоқоту вохуриҳо бо фарогирии 26 ҳазору 134 нафар сокинон гузаронда шуданд.
Дар музокираҳо аъзоёни ҲХДТ аз ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим ва шаҳри Хоруғ оид ба дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ва бонувон, ҳамчунин аҳли маориф аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, фаъолияти КИ ҲХДТ дар ВМКБ-ро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни таҳлили фаъолияти КИ ҲХДТ изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ агарчи фаъолияти он қаноатбахш арзёбӣ шуда бошад ҳам, дар самти муборизаҳои иттилоотӣ кормандони ин ҳизби созандаро мебояд фаъолтар бошанд, ҳизб бояд дар соҳаи идеология дар сафи пеш қарор дошта бошад.
Каримзода Мирзоқосим-муовини раиси ҲХДТ зимни баромади худ аз таърихи таъсисёбии ҲХДТ ба иштирокдорон маълумот манзур намуда изҳор дошт, ки давоми 31 соли фаъолияти ҳизб бо таваҷҷӯҳ ба барномаҳои мукаммалу ҳадафҳои созанда ва эҳтиром ба устувориву ҷасорати раиси муаззами он мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум тақдирашонро ба он пайванд намуда, бо умеду боварӣ ба суйи ояндаи шукуфон гом ниҳоданд. Фаъолияти дастҷамъонаи аъзоёни ҳизб, дастгирии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат ва иштироки фаъолонаашон дар қабул намудани қарорҳо вобаста ба рушди минбаъдаи кишвар имкон фароҳам оварданд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадафҳои стратегӣ муайян ва зина ба зина амалӣ карда шаванд.
Зимни баромади раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ иброз гардид, ки натиҷаҳои фаъолияти яксолаи КИ ҲХДТ дар ВМКБ бозгуи фаъолияти бонизому устувори ин ҳизб маҳсуб ёфта, ин ҳизби созанда миёни мардум мақоми шоистаро касб кардааст. Дар баробари дигар чорабиниҳои мухталиф Интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқ ва ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдатӣи миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз муҳимтарин руйдодҳои сиёсии соли 2025-ум унвон гардиданд.
Ба гуфтаи раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ новобаста аз мушкилоти аввали соҳибистиқлолӣ ин гӯшаи диёр зери таваҷҷӯҳи хосаи роҳбари давлат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, бо амалӣ гардидани барномаҳои муҳими давлатӣ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва Ҳукумати кишвар имрӯз ВМКБ дар ҳамаи соҳаҳо рушди бесобиқа дорад.
Ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, мусоидат дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои созандагӣ ба бархе аз аъзоёни фаъоли ин ҳизби созанда бо медали ҷашнии “30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.




