Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. ТАҶЛИЛИ ИДИ САДА

Имрӯз дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бо иштироки раис вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовини якум, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ иди Сада бо расму русуми хеш таҷлил гардид. Ҳайати расмӣ аз намоишгоҳи масҳулоти кишоварзии вилоят дидан намуда, барои меҳнати содиқона ба масъули баҳои баланд доданд.

Дар майдони Исмоили Сомонӣ барои деҳқонони вилоят 5 адад трактори хурд ва 15 адад мотобилок бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории ташкилоти Набзи Сайёра тақдим карда шуд. Зимни суҳбат раиси вилоят бо деҳқонон аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои давлат аз онҳо содиқонаву софдилона хизмат ва дуруст истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин даъват ба ҳамал овард.

Сипас раиси вилоят, кулли иштирокдоронро бо фарорасии Иди Сада табрику муборакбуд намуда, иброз дошт, ки миллати бостонӣ, тамаддунофар ва фарҳангдустӣ тоҷик, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ба даст овардани муваффаққиятҳои беназир ва бунёди давлати навини тоҷикон, ҳамчунин, тавонист, арзишу анъана ва ғановатҳои бунёдии бостонии хешро низ эҳё намуда, барои ҷаҳониён, ба таври шоиста, муаррифӣ кунад.
Сада, аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии мо аст ва дар Аҳди қадим, дар замони Сомониён, бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид.
Шоистаи қайд аст, ки маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори ҷашнҳои миллии тоҷикон – Наврӯз ва Меҳргон, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ анъанаҳои мардумӣ маҳсуб меёфтанд, Сада низ аз нав эҳё шуд.

Гуфта шуд, ки сокинони вилоят ҷашнгирии Садаро то ҳанӯз бо тамоми анъанаҳояш дар худ нигоҳ дошта, онро таҷлил мекунанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонон ва кишоварзони вилоят солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ин соҳа қадамҳои устувор гузошта, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, умуман, рушди соҳаи кишоварзӣ дар қаламрави вилоят як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд.

Барномаи фарҳангии ҳунармандони вилоят чорабиниро ҳусни анҷом бахшиданд.