Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Конфренсия таҳти унвони “Роҳ ва усулҳои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон” баргузор гардид

Дар доираи татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амният ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар вилоят конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Роҳ ва усулҳои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон” баргузор гардид. Дар кори конфренсия муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини прокурори вилоят, муовини якуми сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят ва Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок доштанд.

Зимни сухани ифтитоҳи муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фурқати Ҳукумат қайд намуд, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои марбут ба терроризм ва экстремизм як амри зарурӣ буда, он ба таъмини амнияти миллӣ, суботи ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ иртиботи мустақим дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм аксаран аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, таъсири иттилооти беасос тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва суистифода аз эҳсосоти ҷавонон сарчашма мегиранд. Гурӯҳҳои ифротӣ маҳз ҷавононро ҳамчун қишри фаъолу таъсирпазир мавриди ҳадаф қарор медиҳанд. Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи огоҳии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии ин падидаҳо хеле муҳим мебошад.

Дар рафти конфронс муовини прокурори вилоят Мирулозода Одил қайд намуд, ки мақомоти прокуратура ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлат нақши калидӣ дорад. Дар самти пешгирии терроризм ва экстремизм, мақомоти прокуратура назорати риояи дақиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба равандҳои мураккаби сиёсӣ ва нооромии афзояндаи сайёра таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.

Муовини якуми сардори раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Мирзозода Далер зимни баромад изҳор дошт, ки аз соли 2022, 12 феврал Рӯзи байналмилалии мубориза бо терроризм ва экстремизм аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардида, ҳадафи он баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи таҳдидҳои экстремизм ва терроризм ва мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ дар пешгирии онҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сиёсати пайгиронаро дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ ва таъмини амниятро пеш бурда, суботи ҷомеаро таъмин менмояд. Мафҳуми ифротгароӣ ро падидаи иҷтимоӣ ва идеологӣ арзёбӣ намуда зикр дошт, ки пешгирии ифротгароӣ тавассути баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ, истифодаи оқилона аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамкории муассисаҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ мешавад.

Муовини сардори РВКД дар ВМКБ Ҳабибуло Сайфулло қайд намуд, ки имрӯз масъалаи таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон ва хатари воридшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, фазои рақамӣ барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ ва ташвиқ ба хушунат василаи асосӣ гардидааст. Гурӯҳҳои ифротӣ аз платформаҳои интернетӣ истифода намуда, кӯшиш мекунанд афкори ҷавононро тағйир диҳанд ва онҳоро ба амалу рафторҳои хатарнок ҷалб намоянд.

Аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки тарбияи ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳими ҳар яки мо буда ҷавонон неруи созанда ва ояндасози давлатанд мебошанд.

Таъкид намуд ки ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва дур аз хурофоту таасуб тарбия ёфта тавассути ҳамкории ҳамаҷониба метавонем субот ва амнияти кишварро таъмин намоем.

Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилоят Амирҷонзода Солеҳҷон зикр дошт, ки ҷавонон ояндасози милаат буда, таъкид кард, ки ҷавонон бояд пайваста ба илм омӯхтан рӯ оварда, сиёсати ватанпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро сармашқи кори худ намуда, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ки сарпарсти озмун Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, иштирок намуда, донишу малакаи хешро тақвият мебахшанд.

Дар охир иштирокдорон вобаста ба масъала фикру ақидаҳои худро баён доштанд.