Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Нишасти матбуотии раиси вилоят баргузор гардид

Имрӯз, 12 август, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, нишасти матбуотии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣбо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон баргузор гардид.

Дар оғози нишасти матбуотӣ Раиси вилоят муҳтарам Мирзонабот Алишер Худоберди ба рӯзноманигорон барои ҳамкории пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, инъикоси саривақтии дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва дастгирии сиёсати давлатӣ миннатдорӣ баён намуд.

Иброз гардид, ки зиёда аз ду сол мешавад, ки дар асоси ҳидояту раҳнамоии оқилонаю мушфиқона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат, аксарияти кулли Бадахшониён дар фазои комили волоияти қонун, бо пайравӣ ва дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Роҳбари давлат, дар заминаи эълон гардидани иқдоми бузурги марҳилаи нави рушди бесобиқаи вилоят, ҳаёт ба сар бурда, аз хурд то бузург, баҳри тараққиёти ин гӯшаи Ватани биҳиштосои хеш аҳлона меҳнат мекунанд.

Ба шарофати заҳматҳо ва пуштибонии самимонаю пайгиронаи Роҳбари давлат, мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмати софдилонаи сокинони вилоят, муяссар гардид, ки нимсолаи аввали соли 2024 рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии вилоят пурра таъмин гардад ва корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намоянд.

Нақшаи даромадҳои буҷети вилоят бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,8 фоиз иҷро гардида, уҳдадориҳои давлатӣ оид ба сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ пурра иҷро гардиданд.

Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2024 1,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба 1 январи соли 2024 маблағи 50,4 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Пасандозҳои шаҳрвандон дар филиалҳои бонкҳои вилоят нисбат ба шаш моҳи соли 2023 11,6 фоиз афзоиш ёфта, ба 423,7 млн. сомонӣ баробар гардид.

Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар қаламрави ВМКБ зикр карда шуд, ки маблағҳои гузаронидашуда 97,1 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбати шашмоҳаи соли гузашта 85,4 млн сомонӣ ё 7,4 маротиба зиёд мебошад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021-2025, ки аз138 лоиҳа, бо маблағи 4,7 млрд сом, иборат мебошад, зина ба зина амалӣ гардида, аллакай 57 банд пурра иҷро гардида, дар 37 банд корҳо идома доранд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ дар 6 моҳи 2024 94,9 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 126,4 фоиз ё ин ки 19,8 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад.

Дар шаш моҳи соли равон 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ ташкил карда шуда, то охири сол боз 30 корхона ва коргоҳи саноатӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Аз он ҷумла 3 корхонаи коркарди мева, гушту маҳсулоти гуштӣ, фабрикаи мурғпарварӣ, ду хоҷагии калони моҳипарварӣ, 3 корхонаи истеҳсоли Шир ва маъсулоти шири, гиёҳои шифобахши Бадахшон, равғани ангат, сехи макаронбарорӣ, корхонаи калони Сангбарорӣ ва ғайра.

Истеҳсоли Қувваи барқ назар ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 4% зиёд гардида, талафоти қувваи барқ то 8,2% кам гардид.
Ҷамъоварии маблағ, дар маҷмӯъ, дар 6 моҳи соли 2024 нисбати соли 2023 23% зиёд гардида, 100% муштариён бо ҳисобкунакҳои нави электронӣ таъмин мебошанд.

Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи Электрофикатсияи деҳот 5 НБО хурд дар ноҳияҳои Дарвоз, Рушон ва Роштқалъа бо иқтидори 646 кВт, 7 НБ офтобӣ дар ноҳ Мурғоб бо иқтидорӣ 5,3 мВт ва агрегати якуму дуюми НБО Себзор дар моҳҳои ноябр декабр мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.
Фаъолияти корхонаҳои дузандагии вилоят дуруст ба роҳ монда шуда, дар 6 моҳи соли равон, ба маблағи 2,7 млн. сомонӣ маҳсулотро истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 73 фоиз зиёд мебошад.

Ба ҳолати 1 июли соли 2024 аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии вилоят ба миқдори 11006 либоси мактабӣ дӯхта шуд, ки ин нисбати шаш моҳи соли гузашта қариб 5 маротиба зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи соли равон 206,5 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 102 фоиз ё 4,3 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад.

Кишти такрорӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон аз аввали моҳи июл оғоз гардид.

Дар ин давра саршумори чорвои калон, бузу гӯсфанд, парранда, оилаи занбури асал ва асп афзоиш ёфта, истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, пашм, асал ва моҳӣ аз 1.9 то 33,6 % зиёд гардид.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 113 га боғҳои нав бунёд карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати нақша 5,2 маротиба зиёд мебошад.

Дар давоми нимсолаи якуми соли 2024 корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 416,5 млн. сомонӣ иҷро гардиданд.

Ҷиҳати таҷлили сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар дую ним сол, аз 1196 банди нақша-чорабиниҳо, ба ҳолати имрӯза 766 банд ё худ 64% иҷро гардида, кор дар 110 банд бомаром идома дорад.

Соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 29 иншооти соҳаи маориф ба маблағи зиёда аз 160 млн. сомонӣ идома ёфта, дар нимсолаи якум кӯдакистони хусусӣ мавриди истифода қарор дода шуда, то охири сол боз 7 бинои кудакистон бо фарогирии 585 нафар ба истифода дода мешавад.

Айни ҳол, бо дастгирии Ҳукумати кишвар, дар ҳудуди вилоят 5 истироҳатгоҳ фаъолият мекунанд. То охири мавсими таътил зиёда аз 1000 кӯдак ба истироҳатгоҳ ҷалб хоҳанд шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сохтмони 30 иншооти табобатию профилактикӣ ба маблағи 130 млн сомонӣ идома дошта, то ҷашни истиқлоли давлатӣ 16 муасисаи тандурустӣ ба истифода дода хоҳнд шуд.

Сохтмони беморхонаҳои вилоятӣ ва марказии ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз оғоз мегарданд.

Аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят дар нимсолаи якуми соли 2024 чорабиниҳои зиёди истироҳатӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва маърифатӣ пешкаши сокинони вилоят гардонда шуда, баҳри ҷалби ҳарчи бештари сокинон ба театр, тадбирҳои судманд андешида шуданд.

Раиси вилоят соҳаи сайёҳиро яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки теъдоди сайёҳон дар ин давра ба 8643 нафар расид, ки нисбат ба соли 2023 3836 нафар зиёд мебошад.

Бобати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода, бояд зикр намуд, ки таъмини хоҷагии халқи вилоят бо ангиштсанг, ҳезум ва маводи ғизоӣ оғоз гардида, кор дар ин самт идома дорад.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, коркарди канданиҳои зеризаминӣ, алоқаи мобилӣ ва интернет, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва дигар масъалаҳо саволҳо дода, посухи мушаххас гирифтанд.