ВМКБ. Дар иншоотҳои сохташаванда корҳои сохтмони авҷи тоза доранд
Замони соҳибистиқлолии кишвар баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру навоии вилоят заминаи боэътимод гузошта, раванди корҳои бунёдӣ дар қаламрави вилоят ҳадафмандона идома доранд. Ба хотири аз наздик шинос гардидан бо раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз ҷараёни сохтмонӣ иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимои шдошта бахусус даромадгоҳи муосири шаҳри Хоруғ, гармхонаи наву замонавии насли панҷум дар ноҳияи Шуғнон ва тақвияти корҳои бунёдӣ дар Боғи фараҳнгиву фароғатии Чорбоғ мароқ зоҳир намуд. Дар ҷараёни суҳбатҳои кутоҳ бо мутасадиён барои суратбахшии корҳои бунёдӣ ва сифати онҳо дар ҳар як иншоот супоришҳои иловагӣ дода шуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ нахуст аз ҷараёни корҳои сохтмони дар даромадгоҳи наву замонавии бо тарҳи муосир, ки дар доираи талаботи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ амалӣ мегардад, дидан ба амал овард. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки ба хотири зебо гардонидани гирду атроф дар ҳамшафати даромадгоҳ харитаи сайёҳии шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои дастрасии ҳар чӣ бештари маълумот барои сайёҳон, муаҷассамаи ҳайвоноти нодири Бадахшон, нуқтаи фуруши армуғонҳо бунёд карда мешаванд. Раиси вилоят барои дар сатҳи баланд ба сомон расонидани корҳои бунёдӣ масъулинро вазифадор намуда, баҳри васеъ намудани масоҳат аз ҳуди ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ ҳамчунин ба як макони зебову тамошобоб табдил додани ин мавзеъ супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони Парки саноатӣ – технологӣ воқеъ дар деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршинев шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки парки саноатӣ-технологӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар-саноаткунонии босуръати мамлакат бунёд мегардад. Парки мазкур дар масоҳати умумии 1830 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмӯъ дар ин ҷо 5 корхонаи хурди истеҳсолӣ бунёд мегарданд. Корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби соҳибкорон сохта шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он сокинони ноҳия метавонанд ба маҳсулоти гуногуни сохтмонӣ ва маишӣ дастрасӣ пайдо намоянд. Раиси ВМКБ зимни суҳбат қайд дошт, ки бунёди чунин иншоот ба рушди инфрасохтор ва тамоми самтҳои хоҷагии ноҳияву вилоят мусоидат менамоянд.
Дар ҷараёни сафари корӣ раиси ВМКБ ва ҳайати ҳамроҳонашон аз вазъи имрӯзаи ҳавзи моҳипарварӣ ва қитъаи кишти зироатҳои кишоварии ноҳия, ки дар арафаи таҷлили рузи Ваҳдати милллӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд, дидан ба амал оварданд. Ҳавзи моҳипарварӣ дар масоҳати 20 ҳисса замин бунёд гардидааст. Роҳбари вилоят ба масъулин ҷиҳати нигоҳдошти хуби моҳиҳо дастуру ҳидоятҳо доданд. Зимни боздид аз қитъаи кишти зироатҳои кишоварзӣ раиси вилоят бунёди онро муҳим арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъади соҳаи кишоварзӣ ва парвариши зироатҳои полезӣ дар ин мавзеъ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд. Раиси вилоят ҳамзамон, аз ҷараёни сохтмонӣ гармхонаи доимамалкунандаи муосир, ки дар шафати қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати беш аз як гектар замин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо дастгириҳои Бонки умумиҷаҳонӣ сохта мешавад, дидан намуд.
Пас аз анҷоми боздид аз иншоотҳои сохташаванда дар ноҳияи Шуғнон Мирзонабот Алишер Худобердӣ раиси ВМКБ бо ҳамроҳи раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ дар маҳаллаи Теми бо раванди сохтмони кӯдакистони нави Истиқлол шинос гардид. Гуфта шуд, ки ин муассисаи томактаби барои 60 нафар кудак пешбини гардида, ба беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат менамояд. Масоҳати умумии бино зиёда аз 280 метри мурабба буда, ҳаҷми умумии сохтмон беш аз 1700 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Раииси вилоят инчунин бо лоиҳаи нуқтаи хизматрасонии хуроки умуми ва чархофалак ва ҳавзи шиноварии муосир дар маркази фарҳангӣ фароғатии Чорбоғ шинос гардида, зимни боздид кайд дошт, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ҳаматарафаи кудакон ва ҳамчунин бунёди инфрасохтори нави фароғати дар маркази вилоят ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғ имкон медиҳад, ки дар фазои мусоид ба истироҳату фароғат машғул гарданд.




