Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба “Рӯзи Модар”

Санаи 16 феврали соли равон дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ байни бонувон бахшида ба “Рӯзи Модар” ҷиҳати дарёфт намудани Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид, ки дар он 21 даста бо ҳам сабқат менамоянд.

Дар маросими кушодашаваии мусобиқаи варзишӣ Раиси вилоят муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирок намуда, зимни баромад иброз дошт, ки соли 2025 барои соҳаи варзиши вилоят аз ҳама ҷиҳат бобарор ва хотирмон гузашт, зеро, ки тамоми чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи зарурӣ баргузор гардиданд. Маҳз дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки варзишгарони мо ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, номи давлату милатро дар арсаи ҷаҳони муаррифӣ намуда истодаанд. Қайд гардид, ки имрӯз мо дар маросими кушодашавии мусобиқаи волейбол байни бонувон барои дарёфти “Ҷоми Раиси ВМКБ” бахшида ба “Рӯзи модар” қарор дорем ва бо итминон изҳор медорам, ки ин мусобиқа барои рушди минбаъдаи волейбол миёни бонувон дар Бадахшонзамин заминаи мусоид фароҳам месозад. Дар баромади раиси вилоят таъкид гардид, ки дар ин мусобиқаи варзишӣ дар баробари идораву муассисаҳо дастаҳо аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Язгулом, Рушон, Шуғнон, Хоруғу Роштқалъа ва Ишкошиму Мурғоб фаъолона иштирок менамоянд.

Раиси вилоят дар охир барои ҳамаи дастаҳо бурдборӣ таманно намуда, таъкид дошт, ки бози бояд дустон баргузор карда шавад.

Пас аз баромади раиси вилоят мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои Хоруғ 1 ва Рушон 1 оғоз гардид.