Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Номаи табрикоти муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати моҳи шарифи Рамазон

Ҳамдиёрони азиз!
Инак, моҳи шарифи Рамазон бо тамоми фазоили пурбаракаташ фаро расид ва мо чун ҳарсола онро дар фазои сулҳу оромии кишвари соҳибистиқлоламон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем. Дар оғози сухан аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шахсан аз номи худам кулли сокинони Тоҷикистон минҷумла, сокинони вилоятро бо фарорасии моҳи Рамазон сидқан табрику шодбош намуда, дар анҷом додани кори хайру савоб ва арзишҳои неки инсонӣ бароятон мувафаққияту музафариятҳои беназирро таманно менамоям. Бо ифтихор метавон гуфт, ки таҷлили озодонаи ин моҳи шариф ҳам меваи шаҳдбори истиқлол маҳсуб дониста шуда, файзу баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон аст, ки мардум дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо аз озодии эътиқоди динӣ комилан бархӯрдор мебошанд.

Бузургии дини мубини ислом ин аст, ки он аслан дини сулҳу салоҳ, дӯстию бародарӣ, хайру саховат, порсоиву праезгоҳрӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ғайра мебошад, ки ҳамаи ин фазилатҳои олӣ дар шарифияти моҳи пурбаракати Рамазон таҷассум ёфтааст. Ин моҳи муборак дилҳоро бо ҳам наздик месозад ва ҳамагонро ба накукорӣ ва хайру сахо раҳнамун менамояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, роҷеъ ба фазилатҳои ин моҳи муборак изҳори андеша намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: “Муҳимтарин фазилати ин рӯзи саид аз он иборат аст, ки мардум онро баъди иҷрои яке аз фаризаҳои ислом – доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол мегиранд, зеро Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи шодиву сурур, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ муқаррар кардааст”.

Воқеан ҳам ин моҳи шарифи рӯзадориву ибодат инсонҳоро дар рӯҳияи шикастнафсию парҳез аз корҳои бад, хайру эҳсон, раҳму шавқат ва меҳрубонӣ ба якдигар, парастории бечорагону ятимон, сарфаю сариштакорӣ дар сарфи неъмат ва дигар хислатҳои неки инсонӣ тарбият намуда, аз мафкураи онҳо фикрҳои ботил ва нописандидаро пок месозад.

Моҳи Рамазон беҳтарин фурсатест, ки арзишҳои инсониро таҳким бахшида бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ софдилонаву аҳлона заҳмат кашида, баҳри ободиву созандагии диёрамон пайваста талош намоем.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар, ҳамаи Шуморо бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба кулли мардуми тоҷик сиҳативу саломатӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон ва дастоварду муваффақиятҳои беназирро орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон муборак, ҳамдиёрони азиз!