Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Ба ифтихори “Рӯзи Модар” мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол байни бонувон ҷамъбаст гардид

Аз санаи 17 феврали соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба “Рӯзи Модар” мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол ҷиҳати дарёфт намудани Ҷоми Раиси ВМКБ мусобиқа байни бонувон оғоз гардид. Дар ин мусобиқа 21 даста бо ҳам сабқат намуда, имрӯз бозии ниҳоӣ байни дастаҳои Хоруғ 1 ва Роштқалъа 1 баргузор гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамзамон раиси федиратсияи волейболи вилоят дар ҷамъбасти мусобиқа иштирок дошта, зимни баромад иштирокдорон ва варзишгаронро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки ҷашнгирии Рузи Артиши миллӣ ба ҳукми анъана даромада, он ба ҷашни умумихалқӣ табдил ёфтааст, имрӯзҳо аз муассисаҳои томактаби сар карда, муассисаҳои ибтидоию миёна ва олии касбӣ идораву муассисаҳо, либоси ҳарбиро ба бар намуда онро бо шаҳомати хоса таҷлил менамоянд, ҳамин аст эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизмати шабонарӯзи ва софдилонаю содиқонаи родмардони далеру шуҷо ва ҳомиёни асили Ватан.

Гуфта шуд, мусобиқаи вилоятӣ аз намуди волейбол дар байни бонувон барои дарёфти “Ҷоми Раиси ВМКБ” ба муносибати Рузи Модар ҷамбаст гардид.

Хотиррасон менамоям, ки дар ин мусобиқа 21 дастаи яккачин аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар се толори варзишии шаҳри Хоруғ дар муддати чор шабонарӯз байни худ сабқат намуда, имрӯз дар бозиҳои барои дарёфти ҷойҳои якум дуюм ва сеюм ғолибон муайян шуданд.
Мо шоҳиди сабқатҳои нимниҳоӣ ва ниҳоӣ бисёр рақобатпазир шудем, варзишгарон маорати баланди касбиро нишон доданд ва мо боварии комил дорем, ки дастаи навтаъсиси яккачинӣ вилоят, ки аз байни ин дастаҳо мутахассисони варзида омода мекунанд, онҳоро ғолибият дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ интизор аст.

Раиси вилоят дастаи якачини шаҳри Хоруғро барои ғолиб гардидан дар ин мусобиқа табрик гуфта, ба дастаи яккачини ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи 2, ки сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд арзу сипос баён доштанд.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар самти рушди бемайлони волейбол чораҳои зарурӣ аз ҷониби Федератсияи волейболи вилоят андешида шуда истодаанд. Аз ин рӯ, масъулини кор бо ҷавонон ва варзиш, мураббиён ва дигар шахсони масъулинро мебояд дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои марбута дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд.

Тибқи нақшаи Федератсияи волейболи вилоят ба муносибати ҷашни Наврузи Байналмиллалӣ дар баробари дигар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ мусобиқаи кушод аз намуди Волейбол дар байни ҷавонон баргузор мегардад ва дастаҳои яккачини дигар минтақаҳо метавонанд дар он ишитирок намоянд.

Боварии комил дорем, ки бо мусоидати Роҳбарияти Олии мамлакат, дастгирии Ҳукумати кишвар ва иштироки фаъолонаи мардуми Бадахшон, алалхусус, насли ҷавон, соҳаи варзиш дар вилоят боз ҳам рушд намуда, аз байни онҳо ҷаҳонпаҳлавонҳои зиёди номусбардори миллат ба воя хоҳанд расид.

Ғолибон бо медал, Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.

Инчунин дигар дастаҳо ва беҳтарин ҳамлагарону бозингарон бо Ифтихорнома ва сипосномаи раиси вилоят қадр карда шуданд.