ВМКБ. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳайати шахсии қисми ҳарбии 01123- ро табрик кард
Бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз раиси вилоят ба қисми ҳарбии 01123 ташриф оварда, афсарону сарбозони қисми ҳарбиро ба муносибати ин санаи муҳими таърихи табрику муборакбод намуда, дар иҷрои вазифаи пурмаҳсул ва ҳифзи марзу буми Ватан комёбиҳои беназир таманно дошта иброз намуд, ки маҳз дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ барои сарбозон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Боварии комил дорем, дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои пайваста, сарбозони шуҷову далер баҳри ҳимояи марзу буми Ватан ва хоки аҷдодӣ ҳамеша кӯшиш намуда, намемонанд, ки қадами номуроди душман ба ин сарзамини аҷдодӣ гузошта шавад.
Дар ин рӯзи фархунда аз ҷониби раиси вилоят барои сарбозон дасторхони идона ташкил карда шуд ва аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи консертӣ манзури ҳамагон гардид.




