Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

БАДАХШОН. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Субҳи 21 феврали соли равон бахшида ба 33-юмин солгарди Артиши миллӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ чорабинии тантанавӣ дар театри вилоятӣ ба номи М. Назаров баргузор гардид.

Раиси вилоят ва ҳайати расмиро наврасони кудакистони рақами бо суруди ватандустона пешвоз гирифта, бо лаҳни кудакона афсарону сарбозонро табрик намуданд.

Баъд аз ворид гардидани Парчами давлатӣ ба толор раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ афсарону сарбозон ва аҳли толоро бо ин санаи фархунда шодбош намуда, зикр дошт, имрӯз аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатамон мебошад, сиву се сол сипарӣ мегардад. Дар тӯли ин солҳо ин ниҳоди муҳимми давлатдории навинамон масири хеле сангин, вале пурифтихорро тай ва рисолату масъулияти бардӯшдоштаро сарбаландона иҷро намуда, имрӯз ҳамчун муҳофизи қавӣ ва боэътимоди марзу буми Ватани маҳбуб, ҳомии устувори сулҳу суботи давлату миллат фаъолияти пурсамар дорад.

Таъкид гардид, айни замон, вақте ки мо аз қуллаи сивусеюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ибтидои ташаккули он назар меандозем, бе шубҳа, бори дигар, ба саҳми бузургу нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои ватандӯсти миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, минҷумла, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қоил мешавем.

Маҳз садоқату ҷасорат ва фидокориву ҷоннисории генералҳову афсарон ва сарбозон дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амнияти мамлакат буд, ки дар Тоҷикистон сулҳ барқарор ва мамлакат ба маҷрои созандагӣ ворид гардид.

Раиси вилоят дар баромади худ иброз дошт, ки хушбахтона, дар баробари ҷавонмардон гурдофаридони тоҷик низ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон фаъолона хизмат намуда истодаанд. Ҳақиқатан, бонувон бо масъулияти баланди касбӣ аз иҷрои вазифаҳои бардӯшдошта бо сари баланд баромада истодаанд ва аз ин касби худ ифтихори бузург доранд. Бо боварии том метавон гуфт, ки инчунин мардуми тоҷик низ бо ҳамин гуна бонувони матинирода ифтихор доранд.

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат, Роҳбари Далватамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар, вазъияти имрӯзаи геосиёсии ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид бар он сохтанд, ки дар қатори масъалаҳои дигари сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ диққати махсусро бояд ба устувор намудани иқтидори мудофиавии мамлакат равона сохт.

Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон моро ҳушдор медиҳанд, ки набояд фориғбол буд, балки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан тамоми ҷамъият бояд дар паҳлуи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бошад. Аз ин рӯ, Ҷаноби Олӣ дар Паём дастур доданд, ки: “Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматичиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Мо шароити онҳоро сол аз сол беҳтар карда истодаем, лекин боз ҳам дар ин самт кор кунем, шароити дараҷаи олии ҳам хизмат, ҳам зиндагиро бояд муҳайё намоем ва ҳам мутахассисони сатҳи баланди касбии низомӣ омода намоем”.

Ҳақиқатан, афсарону сарбозони мамлакат дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардидаанд.

Ҷоиз ба шукргузорӣ аст, ки имрӯз таҳти сиёсати хидрадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, сокинони кишварамон зиндагии осуда доранд.
Пас аз баромади раиси вилоят бархе аз сардорони раёсатҳо ва афсарону сарбозон бо Сипосномаи Вазири мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Раиси вилоят қадр карда шуданд.

Аҳли фарҳанги вилоят бо беҳтарин сурдҳои ватандустонаи худ чорабиниро ҳусни анҷом бахшида

нд.